Ба истиқлоли меҳан саҷда орам,
Намозамро ба даргоҳаш гузорам.
Бихонам ояти шукронааш беш,
Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам
Тоҷикистони сабзқабову биҳиштосои мо беҳтарин ид-30-солагии Истиқлолияти худро ҷашн мегирад ва имрӯзҳо кӯчаву хиёбонҳои пойтахтамон-шаҳри Душанбеи анбаркокул ба қавли бародарони эронӣ хеле шулуғ аст. Хурду калон бо дилҳои моломоли орзуву ҳавасҳои ширин ба ин ҷашни муборак омодагӣ мебинанд.
Ба хотири фаҳмидани назари мардум ба Истиқлолият ва нақши он дар рӯзгори сокинони кишвар мо ба кӯчаҳои шаҳр баромада, бо чанд тан аз ҳамдиёрони хеш ҳамсӯҳбат гаштем. Дараҷаи ҷаҳонбинӣ, синну сол ва касбу кори мусоҳибони мо гуногун бошад ҳам, ҳар кадом дар боби Истиқлол ва нақши он дар рушди Тоҷикистони навин назари хоси худро доштанд. Инак, фишурдаи андешаҳои ҳамсӯҳбатонамонро манзури шумо месозем.
Парда Ҳабиб, шоир:
Беҳтарин ҳадяи Истиқлол давлати миллист!
Истиқлол ба кишвари мо, ба миллати мо такони ҷиддӣ бахшид, ҳам такони маънавӣ ва ҳам такони иқтисодию сиёсӣ. Дар ин самтҳо бисёр ҷаҳишҳои бузург ба амал омаданд, вале беҳтарин ҷоизаҳои Истиқлол ин ваҳдат ва соҳиби давлати миллӣ гаштани мо, тоҷикон мебошад. Дар адабиёт низ дар ин давра дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Бисёр хурсандиовар аст, ки назму насри мо аз назму насри пешин канда нашуд ва бо шарофати дастгирию роҳнамоии устодони сухан имрӯз насли нави адибони тоҷик ба воя расидааст, ки бо пиндорҳои тоза анъанаҳои беҳтарини худшиносӣ ва ватандӯстиро дар асарҳои худ тарғиб менамоянд. Ин ҳама дар маҷмӯъ мева ва файли истиқлол аст.
Азизи Азиз, адиби кӯдакон:
Ифтихори ватандорӣ аз кӯдакӣ сар мешавад
Истиқлол бисёр мафҳуми фарох буда, ғунҷоиши зиёд дорад-озодӣ, ободӣ, сулҳ, фаровонии неъмат, кушодани роҳҳои нав, кандани нақб ва ҳатто сабз кардани кӯчаву хиёбонҳо ҳам ба Истиқлол дахл дорад ва аз файзи Истиқлолият аст. 50-60 сол пеш як нақб кушодан хостем байни шимол ва ҷануби Тоҷикистон, аммо ҳаёҳуй ва воҳимаи зиёде барпо гашта бошад ҳам, ҳамагӣ чанд қадам пеш рафтанду баъдан ин кор ба таъхир афтод, яъне натавонистанд онро ба субут бирасонанд. Фақат дар замони Истиқлол мо тавонистем, ки як нақб не, даҳҳо нақб кушоем. Барои он ки то кадом андоза муҳим ва муқаддас будани Истиқлолро ба мардум фаҳмонем, ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ моҳияти Истиқлолро дар зеҳни атфол ҷой кардан лозим, аммо инро бо сухан фаҳмондан хеле душвор аст. Албатта бачаҳои имрӯза аз насли 10-20 сол пеш фарқ доранд ва ҷаҳонбиниашон хеле васеъ аст, аммо новобаста ба ин, ба кӯдакон аз 10 бор Истиқлол гуфтан як маротиба дар амал нишон додани дастовардҳои Истиқлолият беҳтар буда, таъсираш бештар аст. Мафҳуми истиқлолро дар зеҳни бачаҳо ҷой кардан осон нест, вале адибони бачагонаи замони истиқлол аз ӯҳдаи ин кор баромаданд. Дар даҳ соли охир адабиёти бачагонаи мо хеле рушд кард. Танҳо дар панҷ соли охир мо зиёда аз 200 китоб барои бачаҳо пешниҳод кардем, масалан як китоби хурдакак нашр шуд бо номи “Барқ аз куҷо меояд?”. Ин як асари бисёр ҷолиб ва суратдори кӯдакона дар бораи Роғун аст. Дар ҳамин шакл пешниҳод кардани дастовардҳои замони Истиқлол ба кӯдакон ба пурқувват шудани рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ дар ҷомеа мусоидат намуда, боиси он мегардад, ки мардум ба қадри Истиқлолият бештар бирасанд.
Даврон, ошпаз:
Афғонистон ба мо дарси ибрат аст!
Ман як ошпази оддӣ ҳастам, ягон мансабу вазифа надорам, вале фикр мекунам, ки мо бояд барои озодӣ ва Истиқлолияте, ки бо инояти худованди меҳрубон ва ҷонбозиҳои сарвари давлат насибамон гаштааст, ҳар рӯз намози шукрона хонем. Бубинед, дар кишвари ҳамсояамон-Афғонистон чи ҳодисаҳои даҳшатангезе рӯй медиҳанд. Ҳамарӯза садҳо одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва ҳазорон-ҳазори дигар хонаву дарашонро партофта, тарки Ватан мекунанд. Замоне ин рӯзҳои сахтро мо ҳам аз сар гузаронида будем. Падару модаронамон қисса мекунанд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардум ҳатто нони серӣ намеёфтанд, ки ба бачаҳояшон диҳанд, вале бубинед, имрӯз бо шарофати сулҳу ваҳдат ва истиқлолият кишвари мо чи қадар пеш рафтааст. Дар замони Шӯравӣ ҳамагӣ 5-6 донишкада доштем, вале акнун даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳо дари худро ба рӯйи ҷавонон боз кардаанд. Имрӯз натанҳо дар шаҳр, балки ҳатто дар баъзе ноҳияҳо ҳам мо донишгоҳу донишкадаи олӣ дорем. Миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллалӣ ҳатто намешинохтанд, аммо имрӯз номи тоҷик аз минбарҳои баланд садо медиҳад. Пештар ба хориҷа рафтан мисли як афсона менамуд, вале акнун ҷавонони мо бе ягон мамоният ба Амрикову Аврупо рафта таҳсил мекунанд, кор мекунанд ва ҳатто тиҷорати худро ба роҳ мемонанд. Ҳамаи ин файзи Истиқлолият аст. Аз ҳамин хотир бори дигар такрор мекунам, ки мо бояд ҳар рӯз ба хотири ин ободиву ин озодиву истиқлол намози шукрона хонем!
Тоҷикистонро ба ҷону дил баробар гуфтаам,
Меҳрубон занҳои онро ҷойи модар гуфтаам.
Духтаронашро ба қалби пок хоҳар гуфтаам,
Навҷавонони накӯяшро бародар гуфтаам.
Нозу неъматҳои хонам чанги саҳрои Ватан,
Ин сари болои ман аз дасти болои Ватан.
Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!
Нарзуллоев Музаффар, духтур:
Бе тарс ба кӯча баромадан ҳам неъмат аст!
Дар 30-соли истиқлолият кишвари мо ба як қатор пешравиҳо ноил гашт. Бо шарофати Истиқлолият имрӯз мо озод ҳастем ва дар ҳама соҳаҳо озодона фаъолият карда метавонем, назари худро ошкоро баён мекунем, ҳар гоҳ хоҳем, сарфи назар аз он ки рӯз аст ё нимаи шаб бо дили пур ҳамроҳи дӯстону наздиконамон бе ягон биму шак ба сайру тамошо мебароем. Бовар кунед, бе тарсу ҳарос ба кӯча баромадан ҳам неъмати бузургест, ки на ба ҳар қавму миллат насиб мегардад. Пойтахтамон шаҳри Душанбе низ дар 30-соли истиқлолият чеҳраи худро пурра дигаргун намуда, ба як шаҳри хеле ободу зебои замонавӣ табдил ёфт.
Боғҳои мисли биҳишт сабзу хуррам, биноҳои мӯҳташами баландошёна ва майдончаҳои варзишӣ барои ҷавонон сари ҳар қадам во мехӯранд, ки ин ҳама аз файзу баракати истиқлолият аст.
Зокиров Нурулло, ронанда:
Дар давраи Шӯравӣ ин қадар ободӣ набуд!
Муддати 40-сол мешавад, ки ман бо ронандагӣ машғулам. Шукри худо оилаи обод ва ду фарзанд дорам. Солҳои аввали истиқлолият бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ кишвари мо рӯзҳои сахтро аз сар гузаронд. Ҳодисаҳои хунине, ки солҳои 1990-1992 дар Тоҷикистон сар заданд, мамлакатро аз назари иқтисодӣ хеле қафо кашиданд, вале шукр, ки бо талошҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳ боз пойдор гашта, мардум дубора ба саодату оромиш расиданд.
Ман аз таҳти дил мегӯям, ки дар 30-соли истиқлолият кишвари мо аз 70- соли замони шӯравӣ ҳам пештар рафта, бисёр ободу зебо гашт. Дар давраи шӯравӣ мардум серу пур бошанд ҳам, ин қадар ободӣ набуд. Шукрона мекунем албатта, шукронаиИстиқлол!
Зебо, боғбон:
Модарон фақат тинҷию амонӣ мехоҳанд
Ман як зани 50- сола ҳастам ва 3 фарзандамро ба танҳоӣ ба воя расонидам. Шукр мекунам, ки кишварамон тинҷу осуда аст ва мо, занҳо метавонем бо хотири ҷамъ фарзандонамонро ба камол расонем. Шаҳри мо дар давраи Истиқлолият бисёр зебо шудааст. Бубинед ҳама ҷо гулу гулзор, одам хаёл мекунад, ки дар биҳишт сайру гашт дорад. Барои кӯдакон бағчаҳои зебо сохтанд, мактабҳои нави замонавӣ сохтанд ва акнун фарзандони мо метавонанд бе малол забонҳои хориҷиро омӯзанд, илму ҳунар ёд гиранд ва соҳиби соҳиби касбу кори дилхоҳашонгарданд.
Аз ин бештар дигар чи орзу кардан мумкин?! Мо-модарон танҳо тинҷию амонӣ ва ободиро мехоҳем.