Spitamen
АЗ БИЛЕТҲОИ ҚАЛБАКИИ ҲАВОПАЙМО ЭҲТИЁТ ШАВЕД!
500


Коронавирус ҳанӯз дар Руссия ба пуррагӣ мағлуб нагашта бошад ҳам, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯшиш мекунанд, ки бо кадом роҳе набошад, худро ба ин кишвар расонанд ва ҷойи кор пайдо намуда, хонаводаашонро таъмин намоянд. Бо сабаби зиёд будани шумораи хоҳишмандони парвоз ба Федератсияи Русия дастрас намудани чиптаи ҳавопаймо ба ин самт хеле душвор гаштааст.

Мусофирон ҳозиранд, ки бо кадом қиммате набошад, чипта харида, ҳарчи зудтар ба Русия парвоз кунанд. Мутаасифона, баъзе мардумфиребон аз вазъи ба миён омада истифода бурда, бо фурӯхтани билетҳои қалбакии ҳавопаймо мардумро гӯл мезананд ва бо макру ҳилла соҳиби пули муфт шудан мехоҳанд. Вазорати умури дохилаи кишвар аз дастгир шудани чунин як марди фиребгар ва қаллоб хабар додааст.

Як сокини 33-солаи шаҳри Бохтар, ки қаблан ду маротиба зиндон шудааст, боз бо иттиҳоми қаллобӣ ва мардумфиребӣ боздошт шуд. С.З ба боварии як сокини маҳаллӣ даромада, аз ӯ бар ивази харид кардани чипта 2 100 сомонӣ гирифтааст. Ин ҷавони маккор билети ҳавопайморо бо истифода аз технологияи компютерӣ чоп намуда ба корафтода медиҳад ва аз ӯ боз 450 сомонии дигар мегирад, вале сирри чиптаи қалбакӣ фош гашта, харидор аз болои "чиптафурӯш" ба кормандони милиса шикоят мебарад. Феълан нисбати С.З парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД