Ман ба соҳибкорӣ машғул будам ва аз ҳисоби фоидаам ҳамеша закот месупоридам. Тӯли як сол мешавад, ки ба фурӯши асал машғулам, вале то имрӯз аз он ушр насупоридаам. Фаҳмидан мехостам, ки аз асал чӣ гуна ушр ҳисоб карда мешавад?
Ҷаъфар, соҳибкор
Посухи намояндаи Шурои уламоӣ ҶТ
Бародари азиз! Пеш аз ҳама дуо мекунем, ки Худованд дар корҳоятон хайру баракати зиёдро ато намояд. Баъдан, аз нуқтаи назари ислом, ушри асал аз даҳ як ҳисоб карда мешавад. Аз ҳар дар даҳ киллограм асал як киллограм асал ушр воҷиб мешавад.