Тавре Агентии бодуҳавошиносии кишвар хабар додааст, аз 3 то 7-уми июл ҳарорати ҳаво то 47°C дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон +42…+47°C, дар навоҳии тобеи марказ +39…+44°C, дар вилояти Суғд +38…+43°C, дар баъзе минтақаҳои Бадахшон то +41°C, дар навоҳии наздикӯҳӣ +35…+40°C, дар ноҳияҳои кӯҳсор +34…+39°C, дар шаҳри Душанбе +41+43 дараҷа гарм мешавад.
Бо сабаби гармии шадид об шудани барфу яхи қуллаҳои кӯҳсорон, баландшавии сатҳи оби дарёҳо ва хатари омадани сел дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва Бадахшон вуҷуд дорад.
Агентии бодуҳавошиносии кишвар сокинонро ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва саломатии худро дар хатар нагузоранд.