Commerce bank may-june 2026
Аз 16 то 19-уми июл дар Тоҷикистон ҳаво аз 41 то 46 дараҷа гарм мешавад
16.07.2026
Oila.tj
187

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 16 то 19-уми июл дар Тоҷикистон ҳавои гарм пешгӯӣ шуда, аз 41 то 46 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 16 то 19-уми июл дар ноҳияҳои водигӣ аз 41 то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ 34 + 39 дараҷа гарм ва дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 39+41 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.

Инчунин бо сабаби баландшавии ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз соати 11:00 то 16:00 дар кӯча сайругаштро кам намоянд. Нӯшидани таоми моеъ ва об, нӯшокиҳои мевагӣ ва афшура тавсия дода мешавад. Аз нӯшидани нӯшокиҳои ширин ва спиртӣ бояд худдорӣ намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД