gazprom august 2025
Аз 10-уми сентябр “депортатсия” ва манъи вуруди муҳоҷирони беҳуҷҷат дар Русия оғоз мешавад
327

Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бидуни ҳуҷҷат дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, хатари ихроҷ, яъне “депортатсия” таҳдид менамояд.

Шахсоне, ки то санаи 10-уми сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб надаровардаанд, худро дар қайди муҳоҷиратӣ нагузоштаанд ва патенту иҷозатномаи кор надоранд, дар асоси фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти рақами 1126 аз Русия ихроҷ карда мешаванд.

- Дар Федератсияи Русия то 10-уми сентябри соли 2025 фармони Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин таҳти рақами 1126 амал мекунад, ки ба хориҷиён имкон медиҳад ҳуҷҷатҳояшонро ба тартиб дароварда, вазъи ҳуқуқии худро бидуни хатари депортатсия танзим намоянд. Пас аз ба итмом расидани ин муҳлат, ихроҷ намудан ва манъи вуруди муҳоҷирони ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият надароварда сар мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ва қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия (МВД) оид ба муҳоҷират, Маркази «Сахарово»-и шаҳри Москва ва ё ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд.

📞Суроғаи намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ:

+7 (967) 271-02-02

+7 (988) 676-00-00

+7 (966) 031-22-22

+7 (936) 174-19-92

+7 (926) 586-03-00

WhatsApp: +7 (999) 912-58-68

• Округи Приволже, Уфа:

+7 (926) 311-52-53

•Округи шимолу ғарбӣ, Санкт-Петербург:

+7 (977) 963-25-69

Округи ҷанубӣ, Краснодар:

+7 (901) 344-77-77

•Округи Сибирс, Новосибирск:

+7 (929) 388-54-11

•Округи шарқи дур, Хабаровск:

+7 (909) 809-55-48 (руководитель в регионе)

•Оуруги Урал, Екатеринбург:

+7 (916) 555-74-97

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД