tobiston
Аз 1 то 3-юми июл дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо омадани сел эҳтимол дорад
64

Аз 1 то 3-юми июл дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон хавфи омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, ки фаромадани селҳо бар асари обшавии пиряхҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ пешгӯӣ мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, доимо маълумот дар бораи обуҳаворо пайгирӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 25 то 29-уми июни соли равон низ дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ба мушоҳида расид: тӯфони чангу ғубор, ифлосшавии ҳаво ва ҳарорати баланд, бахусус дар ноҳияҳои ҷануб ва водиҳо.

Қаблан зикр гардида буд, ки моҳи июни соли 2025 ба Тоҷикистон ҳавои гарми ҳақиқии тобистона омада, қариб дар саросари қаламрави кишвар ҳавои то 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад ва дар як қатор ноҳияҳо борон борида, чангу ғубор мефарояд.

Дар ин рӯзҳо шаҳрвандон бояд аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, моҳидорӣ ва шикор, ҳузур доштан дар назди обанборҳо ва рафтан ба сайру саёҳат ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД