Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии фосилавӣ (онлайн) барои хориҷиён, аз ҷумла, тоҷикон ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
“Муассисаи мазкур аз 1-уми сентябр дар назди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ба кор оғоз менамояд”,-навиштааст сомонаи “Россотрудничество”.
Бояд гуфт, ки омӯзиш аз рӯи барномаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-10) бо додани шаҳодатномаи аз ҷониби давлат эътирофшуда гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дарсҳо дар муассисаи онлайнӣ ройгон буда, онҳоро омӯзгорони ботаҷрибаи Санкт-Петербург, аз ҷумла докторҳо ва номзадҳои илм мегузаронанд.