Шунидам, ки баъзе ҳайвонҳо ҳам мисли одамони накӯкор ва поксиришт баъди маргашон ба биҳишт мерафтаанд. Фаҳмидан мехоҳам, ки ҳайвонҳои биҳиштӣ кадомҳоянд.
Хонандаи “Оила”.
Бародари азиз, он ҳайвонҳое, ки ба биҳишт дохил мешаванд, инҳоянд: Шутури Расули акрам (с), шутури ҳазрати Солеҳ (а), гӯсолаи ҳазрати Иброҳим (а), гӯсфанди ҳазрати Исмоил (а), гови ҳазрати Мӯсо (а), моҳии Юнус (а), хари ҳазрати Узайр (а), мурчаи ҳазрати Сулаймон (а), ҳуд-ҳуди Билқис ва саги Асҳоби каҳф.