Дар арафаи ид вақте ду гӯсфандро баробар мекуштам, ҳамсоя гуфт, ки чунин амал раво нест ва гӯшти ин ҳайвонҳо ҳалол буда наметавонад.
Ба гуфти ӯ дар пеши чашми якдигарашон забҳи ду ҳайвон мумкин нест.
Муҳаммад, ш. Ҳисор.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Яке аз суннатҳои Паёмбар (с) ин аст, ки як чорворо дар ҳузури дигараш куштан мумкин нест ва чорво хуни чорвои дигар ва теғи қассобро набояд бинад. Забҳи ҳайвон дар ҳузури ҳайвони дигар ва зоҳир кардани теғ дар пеши чашми он макрўҳ аст, вале гўшти ҳайвони забҳшуда ҳалол мешавад.