Ман дар оилаамон яккадухтар ва эркаи падару модарам будам. Вақте ки маро ба хонаи бахтам гусел намуданд, ҳамагӣ 17 сол доштам.
Иқрор мешавам, ки на иззату эҳтиромро медонистаму на салому алейкро.
Рўзҳои аввали хонадорӣ аз чӣ оғоз намуданамро надониста интизор мешудам, ки кай хушдоманам аз хоб мезаду ба ман ягон корро мефармояд. Баъзан дар хоб мемондам, бечора модаршӯям оҳиста тирезаи хонаи хоби моро нохун зада «духтарам, хез рўз шуд, корҳои хонаро бо маслиҳати ҳамдигар кунем» гӯён, маро бедор мекарданд. Боре кунҷковона пурсидам:
«Барои чӣ шумо дигар хушдоманҳо барин, маро сарзаниш намекунед?» Хушдоманам табассум карда гуфтанд: «Ту ба ҷои фарзандам ҳастӣ, ман эркагиятро дидаву дониста туро келин кардам, бо ҳамон умед, ки худам тарбият мекунам. Ниҳоли дастпарвард ҳосили хуб медиҳад мегӯянд,иншоолоҳ аз ту дар дами пирӣ роҳат медидагистам…»
Дар ҳама оилаҳо ҷангу ҷанҷолҳои кӯчак ва гапу калочаҳо мешаванд, баъзан дар хонадони мо ҳам нофаҳмиҳо мешуданд, қайсингилҳоям бо модарашон баҳс мекарданд, ки чаро келинатон корро наметавонаду шумо чизе намегўед.
Келинатонро эрка мекунед гуфта, рашк мебурданд хоҳаршӯйҳоям, вале хушдоманам як табассум карда духтаронашонро сарзанишкунон мегуфтанд: «Ин бечора ҳоло ҷавон, мисли кўдак аст, дар хонаи бегона бегонагӣ мекашад, ман инро тарбия мекунам, чунки баъди шуморо ба шавҳар додан, ана ҳамин келинакам ҷондастгири ман мешавад.
То шумо аз хонаҳоятон меоед, ки мурдаи маро ҳамин саришта мекунад…» Хоҳаршӯйҳоям аз гапи гуфтаашон пушаймон шуда «очаҷон, ин хел нагўед» гуфта, модарашонро ба оғӯш мегирифтанд, дурдонаҳои оби дидаи ман бошад, мисли шаддаи марворид ба рўям ҷўя мебаст…
Бо мурури замон ман тамоми нозукиҳо ва сирру асрори кадбонугиро омӯхта, зани ҳунарманд ва модари бисёр ғамхору меҳрубон шудам. Хусуру хушдоманам, ки акнун пир шуда буданд, аз дур ба кору бори келини хонадонашон чашм дўхта, аҳсан мегуфтанд.
Имрӯз ман тарбияи аз хушдоман гирифтаамро ба фарзандонам меомўзонам, то дар оянда хонадони худро обод созанд. Иншоаллоҳ ман ҳам кадом рўз хушдоман мешавам ва худо хоҳад, мисли модарам, яъне хушдоманҷонам бо келин муомилаи хуб мекунам. Бо ҳамин умед ҳар рӯз сар ба саҷдаи парвардигор мебарам.
Баъзан аз забони мардум дар бораи муносибати келину хушдоман гапҳои пасту баланд шунида ғамгин мешавам. Яке келинро душмани ҷони хушдоман мегўяду дигарӣ хушдоманро заҳри косаи келин. Шахсан ба фикри ман келинҳо моҳи беайб нестанд, агар келин муносибати хуб дошта бошад, дили хушдоман аз санг бошад ҳам, бо дидани муомилаи неки арӯси хонадонаш мисли кулух об мешавад. Ҳамчун зани рӯзгордида ман ба тамоми келинҳои тоҷикистонӣ муроҷиат намуда гуфтаниям:
-Бо кару фар намудану қошу қавоқ гирондан дар ду дунё дили хушдоманро ёфта наметавонед.
Шумо ҳоло ҷавонед, дили пуршўру шар доред, ман инро хуб дарк мекунам, вале маслиҳати ман ба шумо ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ худнамоию гаправӣ накунед! Сирру асрори хонаи шавҳаратонро ба кӯча набароред. Бо иззату эҳтиром бошед, ҳурмати калонсолонро ба ҷо биёред, он гоҳ бо чашми худ хоҳед дид, ки дар зиндагиатон чи мӯъҷиза рӯй медиҳад. Ҳаётатон чунон ширин мешавад, ки дар тасвир намеғунҷад. Хушдоманатонро мисли ман дўст доред, иншооллоҳ аз зиндагиатон баракат мебинед!
Дўстат дорам чун модар,
Ба ман бахшидӣ шавҳар,
Шавҳар ба ман болу пар,
Хушдоманҷон, хушдоман.
Фарзандат дар ғами ман,
Ҳамрозу ҳамдами ман,
Ҳамеша дар бари ман,
Хушдоманҷон, хушдоман!
Одила!