Formula novemver 2024
АЙНӢ: 3 КОРД БА СИНАИ МАРДИ 53-СОЛА
29.09.2020
Р. Азимӣ
8390


Мастию майхорагиро манъ кардани дини мубини ислом беҳуда нест, зеро ишқи шароб ба сари кас балову фалокатҳои зиёдеро оварда метавонад. Ҳодисае дар кӯчаи Айнии пойтахт рӯйдода далели равшани ин гуфтаҳост...

Кормандони милитсия як ҷавонмарди 36-солаи сокини пойтахтро бо гумони кордзанӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахси дигар дастгир намуданд. Ин ҷавон дар ҳолати мастӣ марди 53-солаеро корд задааст.
Гуфта мешавад, ки байни ин ду нафар дар оғоз баҳсу мунозираи лафзӣ бархоста, баъдан кор то ба коркашию кордзанӣ расидааст. Ҷавонмарди сархуш ба синаи рақибаш пай дар пай 3 корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, вале кормандони мақомоти милитсия ба зудӣ муҷримро дастгир намуданд.

Ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Айнии пойтахт рӯй дода, марди захми корд хӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст. Сабаби сар задани моҷаро маълум нест, вале бадмасти авбош акнун барои ин кирдори худ дар назди қонун ҷавоб гуфта, чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД