Аввалин зан-довар
07.02.2026
Oila.tj
38

Стефани Фраппари фаронсавӣ аввалин зане дар таърих шуд, ки дар бозии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни мардон доварӣ кард.

Ӯ соли 2022 дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Қатар баргузор гардид, сардовари бозии марҳалаи гурӯҳӣ байни тимҳои Олмон ва Коста-Рика буд.

Дар маҷмуъ, дар Чемпионати ҷаҳони соли 2022 шаш довари зан ҷалб шуд, ки инҳо Стефани Фраппар (Фаронса), Салима Мукансанга (Руанда), Йошими Ямашита (Ҷопон) ва се ёвари довар – Неуза Бэк (Бразилия), Киарен Диас Медина (Мексика) ва Катрин Несбитт (Америка) мебошанд.

Стефани пеш аз ин, якчанд маротиба бозиҳои дастаҳои мардона, аз ҷумла бозии Суперҷоми Аврупо-2019 байни «Ливерпул» ва «Челси»-ро доварӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД