Мехостам бидонам, ки нахустин паёмбари мо мусалмонон кист?
МАРҶОНА, ш. Турсунзода
Посух:
- Одам алайҳисалом аввалин паёмбар аст. Чунон ки Ибни Ҳиббон ҳадисеро дар “Саҳиҳ”-и худ овардааст, ки аз Паёмбар (с) дар бораи Одам пурсиданд, ки оё ӯ паёмбар буд? Фармуд: «Бале, паёмбаре, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гуфтааст». Вале ӯ расул набуд, зеро дар ҳадиси “Шафоат” омадааст, ки мардум ба назди Нуҳ рафта мегӯянд: «Ту аввалин расуле ҳастӣ, ки Аллоҳ ба рӯи замин фиристод».
Ин матни равшанест, ки Нӯҳ аввалин расул аст. Аллоҳ донотар аст.
Одам, падари башарият паёмбар буд. Пас, ӯ нахустин паёмбар аст.