sebiston july new
Аввалин наттоқи телевизион даргузашт
401

Имрӯз соати 04:30 аввалин наттоқи телевизион, журналист, Корманди хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова аз олам гузашт. Соати хайрухуш 12:00 кӯчаи М. Турсунзода 8 ҳуҷраи 44

Марҳум 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шуда соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ӯ муалифи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва дигарон буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД