Arzon march 2024
Аввалин мошини парвозкунандаи русӣ озмоиш мешавад
23.01.2025
ОИЛА.ТҶ
201

Идораи конструктории «Филатов»-и Москва дар бораи тасмими сохтани аввалин мошини парвозкунандаи русии ИФ-9 хабар дод. Телеграм-канали No Limits зикр мекунад, ки айни замон модели мазкур барои озмоиш омода шуда истодааст.

Тарҳи мошин ба шарофати қанотҳои дар қисмҳои паҳлу ниҳонаш ба квадрокоптер шабоҳат дорад. Дар мавриди сӯзишворӣ бошад, ИФ-9 метавонад ҳам бо неруи барқ ​​ва ҳам бо водород кор кунад, ки онро аз ҷиҳати экологӣ тоза ва универсалӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин мошин барои ду нафар ба назар гирифта шудааст. Аҷибаш ин аст, ки зимни пеш омадани ҳолати фавқулода дар ҳаво кабинаи ИФ-9 боло меравад ва одамон дар курсиҳои парашютдор ба рӯи замин мефароянд.

Нархи ин модели нави мошин ҳанӯз муайян нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД