Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Бино ба маълумоти кумита, 165 шаҳрванди кишвар нахустин гурӯҳи зоиронро ташкил медиҳанд, ки тариқи хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ сафар хоҳанд кард.
«Зоиронро дар фурудгоҳ намояндагони Кумитаи дин, инчунин намояндагони Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гусел хоҳанд кард»,- изҳор доштаанд аз кумита.
Барои соли 2025 Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7000 квота баҳри адои Ҳаҷ ҷудо намудааст. Арзиши умумии хизматрасониҳо дар доираи сафари Ҳаҷ барои як нафар 56 ҳазору 800 сомонӣ муайян гардидааст.