arzon replenishment
Аввал зада маюб карду баъд омада узр пурсид
2012

Рӯзи 20-уми июн дар беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода як табибро, ки бемораш аз касалии илтиҳоби шуш вафот карда буд, ба ҳадде задаанд, ки дар шӯъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Дар ин бораи “Радиои Озодӣ” хабар додааст.

Бино ба гуфти “Радиои Озодӣ” Ёқуб Дадаҷонов, табиби ревмотологро баъди он задаанд, ки як сокини шаҳр, ки дар беморхона муолиҷа мегирифт, дар замони навбатдории ӯ вафот кардааст.

Дадаҷонов дар суҳбат бо "Радиои Озодӣ" ҳодисаро чунин шарҳ додааст: “Нисфи шаб бояд беморонро назорат мекардам. Ин бемор, ки бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ буд, фавтид. Ду хешаш, ки намедонам писаронаш буданд, ё каси дигар, баъди шунидани хабари марги ӯ якбора ба ман ва ҳамкоронам дарафтоданд. Вақте ба сарам заданд, аз ҳуш рафтам ва дигар намедонам чӣ шуд. Вақте ба ҳуш омадам дар беморхона будам. Дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказӣ ду рӯз нигоҳам дошта, имрӯз ба шуъбаи неврохирургия интиқол доданд”.

Ҳамкоронаш гуфтанд, ки дар натиҷаи зарбаи сахт мағзи сари Дадаҷонов зарар дидааст ва бояд табобат гирад. Ба гуфти табиб ҳодиса соати дуюними шаб рух дод ва натанҳо ӯ, балки ҳамшираву фарроши шуъбаро ҳам задаанд.

Дадаҷонов мегӯяд, ки то ҳол намедонад чаро хешовандони бемори фавтида бо онҳо чунин рафтор карданд. Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Турсунзода ду моҳ боз бемории илтиҳоби шуш табобат мегиранд. Табиб гуфт, ӯ мисли дигар табибн бояд ду ҳафта навбатдорӣ ва беморонро табобат мекард.

Ба гуфтаи як манбаи “Радиои Озодӣ” аз мақомоти корҳои дохилии шаҳи Трсунзода, рафтори ду нафаре, ки яке аз онҳо писари марди фавтида бо номи “А” аст, тафтиш мешавад. Марди аз беморӣ гузашта сокини 64 -солаи шаҳри Турсунзода буда, ба гуфтаи табибон, бемории қанд доштааст ва гирифтори илтиҳоби дутарафаи шуш шудааст ва аз ин сабаб табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд.

Ёқуб Дадаҷонов гуфт, рӯзи аввал корманди милитсия аз ӯ дар бораи ин ҳодиса пурсид, аммо ӯ мегӯяд танҳо пас аз табобат тасмим мегирад, ки аз латукӯб шуданаш шикоят мекунад ё не. Ба гуфти ӯ яке аз онҳое, ки табибро латукуб кардааст, омада аз ӯ узр хостааст.

Ба гуфти табиб тӯли даҳсолаҳои кориаш бори аввал бо ӯ чунин муносибат мекунанд: “Ман 30 сол аст, ки кор мекунам, вале ин ҳодисаро тассавур ҳам намекардам. Фикр кунед, дар чунин ҳолат, ки ҳатто муҳофизон бехабар монданд, агар онҳо маро ё ҳамкоронамро мекуштанд, чӣ мешуд?” Мақомоти милитсияи шаҳр айни ҳол ин ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД