Ин субҳ дар саҳифаи фейсбукии Сарҳадшоҳи Ватан хабари лату кӯб шудани Ҳикматулло Шарипов ва рабуда шудани 7 сар гову 5 сар гӯсфанди Сиротуллоҳ Шарипов дар байни истифодабарандагони фейсбук баҳсро барангехт.
Тавре худи Сарҳадшоҳи Ватан қайд кардааст, лату кӯби навраси 14 солаи ворухӣ аз тарафи сарҳадбоннони қирғиз ба амал пайвастааст. Як сокини дигари ноҳияи мазкур, ки Шарипов Ҳикматулло ном дорад, аз рабуда шудани 7 -сар гов ва 5 сар гӯсфанди ҳамдеҳааш Шарипов Сиротуллоҳ шикоят кардааст. Ӯ дар поёни пости худ суол гузошта аз мардум пурсон шудааст: сӯйқасд аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз дар ҳудуди Тоҷикистон бо кадом мақсаду маром аст?
Короновирус нест! Вазорати тандурустӣ овозаҳоро рад кард (навор)
Ривоҷиддин Мукаррамов яке аз сокинони фаъоли ворухӣ дар саҳифаи шахсии худ наивштааст, ки ҳодиса саннаи 11.04.2020 дар мавзеъи Чорроҳаи ноҳияи Ворух рух додааст ва Шарипов Ҳикматулло аз ҷониби сарҳадбонон лату кӯб гашта, 7 сар гов 5 сар гӯсфанди ин наврасро ба қисми низомии воқеъ дар Тангии Ворух деҳаи (Оқ-Сой)- Қирғизистон бурдаанд. Ҳолати кор яъне рабуда шудани молҳо ва латукӯби ин наврасон ба навор афтиданд, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тафтишот бурда истодаанд.
Гуфтаҳои Ривоҷиддин Мукаррамовро як сокини дигари ин ноҳия, ки аз гуфтани ному насабаш худорӣ намуд, тасдиқ намуда гуфтааст, ки дар баробари ин рафторашон онҳо ба сохтумони биноҳои истиқомати, ки дар қитъаҳои номуаяни марз сохта буданд ва тибқи созишнома манъ буд, дубора ба сохтани он шурӯъ кардаанд ва ин кори қиргизҳо сабаби ба миён омадани муноқишаҳои дигари қирғизу ворухиҳо хоҳад гашт.
Ф. Мақсудзода сару садоҳои коронавирус дар Тоҷикистонро беасос номид
Ин бори нахустин нест, ки мардуми маҳалли Ворух аз ҷониби сарҳадбонони қиргиз шиканҷа нахӯрда бошанд. Бо боварӣ гуфтан ба маврид аст, ки мақомот ин масъаларо пайгирӣ карда, қилро аз мӯй ҷудо хоҳанд кард. Ногуфта намонад, ки дар ҳоли ҳозир ҷаҳон
дар вазъияти коронавирус қарор дорад ва Қиғизистон низ аз ин сироятёбӣ истисно нест. То имрӯз зиёда аз 381 нафар дар ин давлат ба коронавирус COVID-19 мубтало шудаанд.