Arzon march 2024
Аввал кӯмак карду баъд таҳдид
1279

Салом, "Оила"-и азиз! Ман Шабнам, як ҷавондухтари дар чорсӯйи зиндагӣ зору ҳайрон монда, мехоҳам мушкили ба сарам омадаро ба шумо нақл карда, маслиҳат пурсам.

Умедворам, ки бо маслиҳати хонандагони рӯзгордидаи сомонаи "Оила" аз балои азиме, ки чанд вақт боз маро ҳеҷ орому осуда зистан намемонад, халосӣ ёфта, нафаси осуда кашам.

Ман дар оилаи камбағал ба воя расидаам. Волидонам чунон нодоранд, ки мо ҳатто манзили худро надорем ва як умр дар иҷорахонаҳо, яъне квартира зиндагӣ мекунем. Мани сода тариқи интернет бо як ҷавони муҳоҷири тоҷик, ки аслан аз Балҷувон буда, дар шаҳри Маскав кор мекардааст, шинос шудам. Ӯ қариб ҳар рӯз ба ман занг мезад ва мо соатҳо сӯҳбат мекардем.

Ҳамин тавр, бо ҳам гӯё рӯҳан надик шудем ва ман ба ошнои муҳоҷирам дарди дил карда, дар бораи зиндагии хеле душвор ва ҳаёти сахту сангинамон нақл кардам. Ба гуфти худаш дили он ҷавон сӯхта, минбаъд “Барои Аллоҳ ба шумо кӯмак мекунам” гӯён, ба ман пул мефиристодагӣ шуд.

Мани беандеша оқибати корро фикр накарда, пулҳои фиристодаашро мегирифтам, вале баъди он ки дӯсти муҳоҷирам ба Тоҷикистон баргашт, рӯзам мисли шаб сиёҳ шуд.

Хулласи калом, баъди ба Тоҷикистон баргаштани ҳамон дӯстам каме гапамон гурехт ва ӯ маро кофта-кофта ба хонаамон омаду қиёматро қоим кард. Телефони мобилиеро, ки вақти дар Русия буданаш "туҳфа" гӯён, ба ман фиристода буд, баргардонда додам, аммо “дар даҳонат...” гӯён, маро дар назди аҳли оилаамон чунон ҳақоратҳои қабеҳе дод, ки забонам ба такрор карданашон намегирдад.

Ба ин ҳам қонеъ нашуда, апааш ва арӯсашро ба муқобили ман шӯронд. Онҳо ба ман занг зада, гапҳои қабеҳ мегуфтанд ва маро “пулхӯр” гуфта, дашному ҳақоратҳои зиёде медоданд. Аз тарс дигар телефонашонро набардоштам. Акнун чанд рӯз боз худаш пай дар пай СМС навишта истодааст, ки "ё мара мегирӣ ё кати хонагиҳотон пулои мара ҳамакаса “рожат” мекунен..."

Таҳдид карда истодааст, ки агар пулашро ба қавле “восстановит” накунем, суратҳои маро дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ партофта, шармандаи олам месозад.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам ва чӣ тавр аз ин доми бало халосӣ ёбам?

Шабнами дидагирён

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
шабнам 2023-07-12, 08:37
ба кормандони хифзи хукук мурочиат кунед натарсед.Уро хеч кас мачбцрмнакардаст ки ба шумо пул равон кунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
шабнам 2023-07-12, 08:37
ба кормандони хифзи хукук мурочиат кунед натарсед.Уро хеч кас мачбцрмнакардаст ки ба шумо пул равон кунад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД