Аз рӯзи аввале, ки келин шуда ба хонаи хушдоманам омадам, бо зани бародари шавҳарам соз нагирифтем. Авсунам мисли мор дар гардани хушдоманам печида, ӯро «Очаҷон» гӯён, афсун мекунад.
Муносибати хушдоманам бо ман бад асту бо зани ҳеварам чунон ширу шакар, ки одами дидагӣ онҳоро модару духтар гумон мекунад. Хушдоманам коргар аст, субҳ аз дар баромада, бегоҳ бармегардад. Авсунам то нисфирӯзӣ хоб мераваду баъдан мисли хирси хоболуд хамёзакашон сари дастурхон мешинад. Ман бошам, мисли ғулом аз сари субҳи содиқ хеста тамоми кору бори хонаро ба анҷом мерасонаму то омадани хушдоманам таомҳои лазиз пухта, ба пешвозаш мебароям, вале дили ин кампири қавоқиро ҳеҷ наёфтам, ки наёфтам. Мудом ба келини калониаш хушомад зада, фарзанди ӯро дар сари зонуяш мешинонад, ману бачаҳоямро бошад, гӯё чашмаш намебинад.
Ҳайрон мешавам, ки чаро муносибати хушдоманам бо ман чунин сард бошад. Ягон кори бад намекунам, хонаву дарашонро тозаву озода нигоҳ дошта, тамоми супоришҳояшонро иҷро мекунам, ба ин кампир боз чӣ намерасида бошад, ки маро бинад, азроилро дидагӣ барин, табъаш хира мешавад. Касе, ки нақли маро шунавад, «авсунат хушдоманатро ҷоду кардааст» гӯён, сар меҷунбонад. Ҳеҷ боварам намеояд. Наход одамон ба чунин корҳо қодир бошанд?
Ба фикри шумо авсунам дар ҳақиқат ҷодугар аст ё норозигии хушдоманам ягон сабаби дигар дорад, ки ман онро эҳсос карда наметавонам?
Б. Д., сокини Душанбе