Arzon march 2024
Авсун не, каждум!
28.05.2022
ОИЛА
1850


Мадина ҳастам, аз шаҳри Душанбе. Аз бонувони рӯзгордида маслиҳат пурсидан мехоҳам. Гап сари он аст, ки баъди хатми донишгоҳ ҷавонеро дӯст дошта, ду сол қабл ба шавҳар баромадам.

Шавҳарам ҳамеша маро таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ “ман маълумоти олӣ дорам” гуфта, дар назди пайвандонаш каттагӣ накунам. Ман ҳам ҳеҷ гоҳ ба кибру ғурур роҳ намедиҳам ва ҳамаи он уҳдадориҳоеро, ки келин бояд ба анҷом расонад, аз таҳти дил иҷро мекунам, вале маро як чиз сахт асабӣ мекунад. Ману зани ҳеварам ҳар субҳ ба кор рафта, бегоҳ қариб, ки якҷоя ба хона медароем.

Авсунам 5 фарзанд дорад, ки нигоҳубини ҳамаашон бар дӯши ман аст. Ҳар рӯз кокулони духтаронашро мебофаму либосҳои мактабиашонро дарзмол карда, ҳамроҳашон дарс ҳам тайёр мекунам. Зани ҳеварам бошад, ҳар бегоҳ хӯрок омода мекунаду халос, ҳатто косаву табақи худу фарзандонашро намешӯяд. Хушдоманам дар ҳузури авсунам чизе намегӯяд, вале ҳамин ки вай ба кор рафт, ба сари ман доду вой карда, талаб мекунад, ки зудтар ҳама ҷоро ба тартиб дарорам. Ростӣ, алам мекунад, ки ман ҳама кори хонаро ба анҷом мерасонаму боз гап мешунавам. Чанд бор дар ин бора ба шавҳарам шикоят кардам, вале маро ба сабру тоқат кардан даъват мекунад.

Боз як одати бади авсунам ғаши маро меорад, ки пайваста ба зиндагии шахсии ману шавҳарам дахолат карда, маро дар назди хушдоману қайсингилҳоям сиёҳ мекунад. Ҳис мекунам, ки асабҳоям рӯз ба рӯз хароб мешаванд ва чунин ҳол дер давом намекунад. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Мадина.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД