Arzon march 2024
ҶАВОНЗАНИ ВАРЗОБӢ ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ?
3090


Зӯроварии хонаводагӣ, мушту лагади шавҳар, таънаву маломати хусуру хушдоман, носозгорӣ бо хоҳаршӯю додаршӯй, душвориҳои иқтисодӣ, бекасию бечорагӣ ва дигар мушкилоти зиндагӣ боис мегардад, ки иддае аз занону духтарони тоҷик даст ба худкушӣ зада, риштаи ҷонашонро бо дасти худ канда созанд.

Аксари бонувоне, ки қасди ҷони худ менамоянд, савод ва касбу ҳунар надошта, дар ҳалли мушкилоти зиндагии худ душворӣ мекашанд. Маъмулан ин тоифаи занон қудрати аз худ дифоъ намуданро надоранд ва аз ночорию нотавонӣ роҳи наҷотро дар худкушӣ дида, худро ба дор меовезанд, оташ мезананд ва ё ба дарё мепартоянд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади як ҷавонзани тахминан 29-солаи тоҷик аз канали “дериватсионӣ” хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, иттилоот дар бораи пайдо шудани ҷасади як ҷавонзан аз канали “Дериватсини” рӯзи 13-апрел, тахминан соатҳои 6.05 ба бахши навбатдории кумита ворид гашта, дар пайи ин хабари фаврӣ дастаи зудамал ба ҷойи ҳодиса фиристода шуд.

Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода баъди аз канал берун баровардан ҷасадро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Гуфта мешавад, ки ҷавонзани ғарқшуда сокини ноҳияи Варзоб ва модари ду фарзанд будааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки зан худкушӣ кардааст ё бо амри тасодуф ғарқ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД