arzon replenishment
Ҷавонтарин мома ҷашн дорад
888

Файзигул Юсупова, овозхони мусиқии попи тоҷик, 31 майи соли 1974 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, имрӯз 49-сола шуд.

Ӯ ҳарчанд аз оилаи санъаткор ба саҳнаи ҳунар ворид шуд, аммо шавҳари аввалаш ба овозхониаш мухолифат кард. Дар натиҷа ӯ роҳи санъатро интихоб намуду аз баҳри зиндагиаш гузашт. Ин ҷасорати андак нест.

Ӯ агар ин корро намекард, санъати тоҷик бе ҳузури ӯ холӣ мемонд. Ба зудӣ ҷойгоҳи хоси худро байни мухлисон пайдо намуд. Ҳарчанд замони душвору даҳшатзои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ӯ бо ҳунари худ ба дили мардум хушҳолӣ ва умед мебахшид. Аз устод Зафар Нозим дар ансамбли "Ганҷина" дуо гирифта, ҳамзамон дар тӯю маъракаи мардуми минтақаҳои гуногун ва ҳам саҳнаи толорҳои консертӣ овозхонӣ мекард. Дар он замони душвор овозхонӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ҳам ҷасорат мехост. Ноҳияҳое доштем, ки онҳоро қумандонҳо “роҳбарӣ” мекарданд...

Ӯ дар сӯҳбат бо Орзу Исо гуфт, пас аз як консерти пуродамаш соли 1997 дар Кохи Борбад як қумондони он замон таъсиргузоре ӯро иҷборан ба хонаи худ бурда, маҷбур ҳамроҳаш никоҳ кард ва як сол дар хонае танҳо зери назари муҳофизон нигоҳаш дошт. Тасодуфан бо кампираки руси ҳамсояаш аз тиреза шинос шуду ҳасрати худро гуфт ва тавассути телефони хонагии ӯ ба кадом шиносаш тамос гирифт. Барояш коғазу қалам оварданд ва ин одами нек номаи пурдарди Файзигулро ба президент расонд. Ҳафтае пас ӯро аз асорату никоҳи маҷбурӣ раҳо карданд. Аз қумандони пурнуфуз ва сарватманд дар иваз ҷуз озодӣ ва роҳ ба саҳна чизе нахост. Пас аз чанд соле ин “зӯр”-ро ба зиндон кашиданд, аммо бо ҷурми дигар...

Файзигул боз ба саҳна баромад. Як соли таътилшударо ҷуброн намуд. Мухлисонаш намедонистанд, ки ин ҳама овози зебову матни пурмаъно ба ивази чӣ қадар мушкилиҳо ба самъи онҳо мерасад. Кош ин дарду даҳшат барояш охирин мебуд. Аммо санҷиши Худованд ҳамоно идома дошт. Пас аз тақрибан як моҳи раҳоӣ аз “зиндони шавҳар” галлаи тороҷгарон ба хонааш ҳуҷум карданд. Дар баробари он ки ҳама маблағҳои бо машаққат ҷамъовардаи Файзигулро бо худ бурданд, осори дигаре дар пойи ҳунарманд гузоштанд: пайи тире, ки он замон ба пояш заданд, то ҳанӯз побарҷост!

Духтури табобатиаш ба ӯ ошкор гуфт, ки аз сад нафар яке баъди ин гуна ҷароҳат метавонад бидуни мушкил роҳ гардад. Шукр аз он сад яке Файзигул будааст. Ӯ акнун на танҳо мисли пешин роҳ мегардад, балки роҳи худро ба санъат ҷиддитар кушод.

Ӯ дар баробари ҷигарбандони худ чанд ятимеро гирифту ба воя расонд. Ҳоло аксари онҳо зиндагии обод ва мустақилона доранд ва барои Файзигул набераҳои зиёде ҳадя намудаанд. Ҳамон тавре Орзу дар барномаи худ гуфт: Файзигул ҷавонтарин мома аст!

Ҳунармандро имрӯз ба муносибати мавлудаш сомонаи “Оила” телефонӣ табрик кард ва ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Оила” гуфт, соле, ки аз умраш гузашт, бобарор, сермаҳсул ва фаромӯшнашаванда буд.

Зеро дар ин сол чандин сурудҳоро эҷод ва пешкаши мухлисонам гардонидам. Нақша дорам, ки дар ин баҳори умр, яъне дар соли 2024, шаби эҷодиамро дар ҳалқаи дӯстону мухлисон гузаронам”.

Дар мавриди чӣ гуна таҷлил кардани милодрӯз овозхон гуфт, зодрӯзаш дар ҳалқаи пайвандон ва дӯстону ҳамкасбонаш мегузарад. “Агар хато накунам сол 2017 зодрӯзи ман дар сафари ҳунариам дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар доираи ҳамкасбонам, гузашта буд ва хеле хотирмон ҳам буд. Ман хурсанду сарфароз аз он ҳастам, ки зани тоҷик, модари тоҷик ҳастам ва дар иҳотаи фарзандони хеш ҳастам”,-гуфт ин бонуи ҳунар.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона ба овозхони маҳбуб саломатӣ, умри дароз ва муваффақияятҳои бештару беҳтарро орзу дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД