Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гашта аз 243 довталаб танҳо 54 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Яке аз довталабони даври вилоятии озмун Асрор Карамалиеви 40-сола аз модар нобино ба дунё омадааст, вале ба маъюбиаш нигоҳ накарда, ошиқи китоб аст ва шеъру достонҳои зиёдеро аз ёд медонад. Ин марди оҷиз дунёро бо чашми сар не, балки бо чашми дил мебинад ва мегӯяд “ягона дилхушии ман дар зиндагӣ ин китоб аст!”
Маҳина Давлатова