“Барои озмун пул лозим нест, истеъдод дар ҷойи аввал меистад”,- мегӯяд Илҳом Тоҳиров
“Офарин!”, “Браво!”, “Афсонавӣ!”, “Нотакрор!” Чунин буд, баҳои аъзои ҳакамони озмуни телевизионии “Голос” Александр Градский, Пелагея, Леонид Агутин ва Дима Билан ба сарояндаи ҷавони тоҷик Илҳом Тоҳиров (Тагиров), ки барои фатҳи саҳнаи ҳунар ба Москав омадааст. Вақте Илҳом суруди “Dream a Little Dream of Me”-ро ба сароидан оғоз кард, ҳайати ҳакамон ба садои ӯ мафтун шуда, ҷонибаш гаштанд ва ҳар яке хоҳиш мекард, ки Илҳом ба тими ӯ пайвандад...
Илҳом кист? Чаро то имрӯз дар ватанаш чунин сарояндаро намешинохтанд? Ин заргари садо (баҳои Дима Билан) то имрӯз дар куҷо буд?
Илҳом Тагиров, Душанбе, Тоҷикистон!
Илҳом барои ширкат дар даври нахустини озмуни телевизионии “Голос”-и шабакаи "Якум"-и Русия таронаи "Dream a Little, Dream of Me" (Каме хоб кун, дар хобат бубинам)-и Фабиан Андре ва Уилбур Швандтро интихоб кард. Дар посух ба суоли Дмитрий Нагиев, ки чаро маҳз ин сурудро интихоб намуд, посух дод: “Бо ду сабаб: якум, ин жанрро бисёр дӯст медорам ва дуюм, ба овозам низ мувофиқ аст”.
Воқеан, Илҳом дар интихоб иштибоҳ накард. Зеро вақте ӯ сурудани таронаро оғоз кард, овозхони номии рус ва яке аз доварон Дима Билан мафтуни садояш гардидаву гуфт "ӯ заргар аст ва бо садояш чун заргар, нозук муносибат мекунад". Ҳамин тавр, дар дақиқаҳои нахустин ҳар чор доварон ҷонибаш гаштанд.
Баъди иҷрои тарона ва садои қарсаки тамошобинон ҷавон худро шинос кард: “Илҳом Тагиров, Душанбе, Тоҷикистон”. Гумон мекунам, ки дар ин лаҳза ҳар як тоҷикистонӣ бо чунин истеъдод ифтихор кард.
"Шумо чӣ гуна ин ҷо омадед? Моро масҳ (массаж) кардед", - гуфт Пелагея.
"Ӯ худ намедонад, ки чӣ гуна ин ҷо омадааст. Вай танҳо ҳунарнамоӣ кард. Албатта, ҳар яке аз мо мехоҳад, ки Шумо ба ҷониби мо оед. Ман, масалан, намедонам, ки диапазони шумо чӣ гуна аст, аммо дер боз чунин иҷрои фантастикии тарона ва дақиқу зеборо нашунида будам. Супер, ба ҷониби касе рав, ки мехоҳӣ", - гуфт, Александр Градский.
Леонид Агутин низ хост Илҳомро дар командаи худ бубинад. Вале Илҳом пас аз миннатдорӣ тими Дима Биланро, ки аввалин шуда ҷонибаш гашта буд, интихоб кард.
Меҳри санъат
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донандаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Худ маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз аҳли хонаводааш низ санъаткор нест. Модараш омӯзгор ва падараш корманди заводи алюминийи шаҳри Турсунзода буданд. Вале дар даврони донишҷӯии Илҳом ба пойтахт кӯчиданд.
Илҳомро меҳри мусиқӣ ба олами ҳунар овард. Парвози нахустини вай аз саҳнаи донишгоҳ оғоз шуд.
“Замони таҳсил ба дастаи ҳунарии донишгоҳ пайвастам. Мо ду дастаи ҳунарӣ доштем, ки яке "Славянҳо" ном дошт. Ҳар сол ба он донишҷӯёнро қабул мекарданд. Ман ҳам ба он ворид шуда, бо муаллимон машқро шуруъ ва дар ҳаёти фарҳангии донишгоҳ фаъолона ширкат кардам", - мегӯяд Тагиров.
Чун Илҳом маълумоти мусиқӣ надорад, дар ансамбли донишгоҳ дар назди солисти ансамбли “Славяне” Фазлиев Фахриддин тамрин мекард ва идора кардани садояшро омӯхт.
Зиндагӣ дар Чин
Тавре ишора шуд, Илҳом хатмкардаи факултаи забонҳои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст.
“Ман аз кӯдакӣ ба фанҳои гуманитарӣ шавқ доштам ва омӯхтани забонҳо ба осонӣ ба ман даст медод. Чун забони англисиро хуб балад будам, ихтисоси лингвистро интихоб кардам. Талабот чунин буд, ки дар баробари забони асосӣ, яъне англисӣ забони ёрирасонро интихоб кунам ва ман ба гурӯҳи чинӣ рафтам. Ҳамин тавр, англисиву чиниро омӯхтам.” – мегӯяд, Илҳом.
Илҳом баъди хатми донишгоҳ бо ҳамсараш Манижа ба Хитой рафт ва муддате дар он кишвар кору зиндагӣ кард.
Мо аз Хитой хотироти зиёде дорем. Махсусан, вақте дар шаҳри Рижао таҳсил мекардам, маҳали зистамон дар соҳили баҳр буд. Ҳар рӯз пас аз дарсҳо барои истироҳат ё шомхӯрӣ ба соҳил мерафтем.
Хотироти муҳимтарини зиндагии хитоии Илҳому Манижа тавлиди писар аст. Дамир аллакай сесола аст ва падарашро тариқи оинаи нилгун тамошо мекунад.
Дар суҳбат бо Дмитрий Нагиев Илҳом гуфт, ки дар Хитой ҳангоми таваллуд шудани Дамир ӯ ширкат кардааст. Чун ҳайратзада шудани Нагиевро дид, гуфт: “Ман ба он хотир дар таваллуди тифлам ширкат кардам, ки тарҷумони забони чинӣ лозим буд, зеро ҳамсарам забонро намедонист.”
Роҳ ба “Голос”
Илҳом мегӯяд, бо тавсияи овозхон Даниил Рустамов, ки қаблан иштирокчии “Голос” буд, ба ин озмун роҳ ёфтааст.
“Таърихи иштирокам дар озмуни “Голос” оддӣ аст. Баҳори ҳамин сол дӯсти деринаам Даниел Рустамов, ки ӯ ҳам дар лоиҳаи мазкур иштирок карда буд, линкеро ба ман фиристод ва гуфт: “Чаро ту ҳам як маротиба худро намесанҷӣ? Ҳамин тавр, аз линки равонкардаи ӯ дархости иштирокро пур карда, иштирокчӣ шудам ва шукр аз даври интихобӣ гузаштам. Пас аз пур кардани дархости иштирок аз рӯи он масъулини озмун аз миёни қариб 1000 нафар танҳо 120 нафарро интихоб карда ва барои иштирок ба Москва даъват мекунанд, то ки дар даври интихобии озмун иштирок намоянд. Дар ин даври озмун ҳайати ҳакамон аз миёни 120 нафар иштирокчӣ бояд 48 нафарро интихоб кунанд, яъне ҳар кадоме барои худ 12 шогирд бигирад.”
Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суол мекунанд, ки Илҳом барои ширкат дар озмун чӣ миқдор маблағ масраф кардааст:
“Ман наметавонам як рақами муайянро гӯям, вале бояд гуфт, ки барои озмун пул лозим нест, истеъдод дар ҷойи аввал меистад. Танҳо барои чипта ва пешбурди рӯзгор дар Москва маблағ сарф кардаму халос”.
Умед барои ғалаба
Ҳоло Илҳом иштирокчии лоиҳа аст ва ба даври оянда омодагӣ дида истодааст. Дар даври дигар бояд бо дигар иштирокчиён суруди дуовозӣ, яъне дуэт иҷро кунад.
Ӯ мегӯяд, аллакай бо Дима Билан тамринҳоро оғоз кардаву ячанд тарона пешниҳод кардааст, то давраҳои баъдӣ пешкаши тамошобин кунад.
"Билан ба он нигоҳ накарда, ки профессионал аст, инсони хоксор низ мебошад. Ман ҳам барои он ӯро инхоб кардам, ки як чизи нав ва замонавӣ омӯзам", - қайд мекунад ӯ.
Ба Илҳом бештар таронаҳои ҷаз писанданд. Вай мегӯяд, ба овозаш бештар ин равия мувофиқ аст. Ӯ бештар ба ҷази англисӣ шавқ дорад ва аз овозхонҳо Фрэнк Синатра ва Ҷон Легендро гӯш мекунад. Илҳом мегӯяд, ки то ҳол таронаҳои тоҷикиву русӣ нахондааст.
Мо ҳама орзуи онро мекунем, ки Илҳом Тоҳиров дар озмуни “Голос” ғолиб ояд.
Одил