Худованд якеро солим меофараду дигариро ба дарди бедавое мубтало месозад ва ё аз чашми бино, дасти гиро ё пойи равон маҳрум намуда, ранҷуру дардманд месозад.
Аксари одамони имкониятҳояшон маҳдуд дар олами ғаму дарди худ фурӯ рафта, худро аз ҷомеа канор мегиранд ё танҳо бо умеди дастгирии дигарон мешавнад, ки кай касе аз сари раҳму шафқат ба сӯйи онҳо дасти ёрӣ дароз менамояд, вале дар ин миён ҳастанд баъзе маъюбони бо нангу номусе, ки ҳаргиз дасти тамаъ ба сӯйи касе дароз намекунанд ва ба беморию нотавониашон нигоҳ накарда, аз паси омӯзиши касбу ҳунар мешаванд, то зиндагиашонро бо қувваи худашн пеш баранд. Қаҳрамони мо Меҳровари Масчоҳӣ низ аз ҳаимн тоифа аст. Ин ҷавони маъюб якто не, балки 5 ҳунар дорад ва натанҳо риқу рӯзиашро мустақилона пайдо мекунад, балки барои дигарон намунаи ибрат ав пайравист.
Аслан Меҳровар тахаллуси ин ҷавони ҳунарманд буда, номи аслиаш Дилшодзода Файзуллои Сулаймон мебошад. Меҳровар зодаи Масчҳ буда, имрӯз яке аз ҷавони муваффақи Суғд ба шумор меравад...
Меҳровари Масчоҳӣ бо вуҷуди маъюб ва дорои имкониятҳои маҳдуд буданаш шоир, блогер, дизейнери рӯзномаи “Роҳбари дониш”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Роҳбари филиали Иттиҳодияи маъюбони ноҳияи Мастчоҳ аст.
Овони бачагиву наврасии Файзулло-Меҳровар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ гузашта, баъди хатми мактаби миёна чор сол дар зодгоҳаш дунболи корҳои хоҷагӣ буд. Он солҳо на умеде ба донишҷушавӣ дошту на зиндагӣ дар шаҳр, вале...
Табиб шуданӣ будам, аммо...
Меҳровар дар қаъри дилаш орзуи табиб шуданро мепарварид, аммо рӯ ба шеър овардани бародараш ишқи назму насрро дар дили ӯ низ бедор кард ва пеши худ азм намуд, ки ҳатман ба донишгоҳ дохил мешавад. Ин нияташро ба падараш ва аҳли хонавода баён намуда, гуфт, ки мехоҳад думболи касберо бигирад, то ки нафъаш ба ҷамъият бирасад. Аҳли хонавода аввал ба гирдоби андешаҳо ғуттавар гаштанд, ки фарзанди маъюби онҳо дар шаҳри калон, дур аз волидон ва аҳли оила чи гуна зиндагӣ хоҳад кард, вале қатъӣ будани азмашро дида, баъдан розигӣ доданд. Меҳровар замоне ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷҷат супорид, ки то имтиҳон ҳамагӣ як рӯз мӯҳлат монда буд, вале чун донишу саводи хуб дошт, аз имтиҳонҳо бо сари баланд гузашта, донишҷӯ шуд.
Дар пайроҳаи сухан
Ишқи шеъру сухан ҳамоно дар қалби ӯ аланга мезад ва Меҳроварро ба ин олами пур аз афсона мехнд. “Дер ояду шер ояд” гуфтагӣ барин, ниҳоят баъди солиёни зиёде вай ба муроди дилаш расида, чакомаҳои ашъорашро ба таъб расонид. Имрӯз Меҳровари Масчоҳӣ соҳиби ду маҷмӯаи шеърӣ-“Шабеҳи Шарқ” ва “Саодат аз иродат” буда, дар байни ҷавонони қаламкаш мавқеъи хоса дорад. Вай ҳанӯз замони донишҷӯӣ дар гузаронидани маҳфилҳои шеъру шоирӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамчун валантиёр хизмат мекард ва донишу фаҳмиши худро дар ҷодаи шеъру суханварӣ сайқал медод. Меҳровар иштирокчии анҷумани Адибони ҷавони ИНТ дар солщои 2020-2021 аст, вале мақоли “Ба як мард чил ҳунар кам”-ро сармашқи зиндагии хеш қарор дда. боз чандин касбу ҳунарҳои дигарро мӯхтааст.
Аз тақдир наменолам
Барои одами имконияти маҳдуд саволи вазнинтарин савол пурсидани сабаби маъбияташ аст, чунки яке модарзод маъюб бошад, дигарӣ бо сабабои беморӣ, садмаи нақлиётӣ ё ҳодисаи дигари нохуш ба чунин ҳол меафтад, вале Меҳровар ба саволи мо дар боби маъюбияташ хеле оромона ҷавоб дода, гуфт:
“Маъюбияти ман модарзод аст, вале ҳаргиз аз тақдир наменолам. Худованд хостааст, ки маро дар ҳамин ҳол ато кунад ва ман ҳамчун як бандаи Худванди меҳрубон инро қабул дорам. “Ман маъюб” гуфта аз тақдир нолидан ва ҳатто бо модар ҷанҷол кардани баъзе одамони маъюбро зиёд дидаам, вале шукри худо, ки аз ҷониби банда то ба имрӯз боре ҳам сари ин мавзуъ бо касе моҷаро сар назадааст. Шукр мекунам, ки ба маъюбиам нигҳ накарда, хондам ва роҳи худро дар ҳаёт пайдо кардам. Ҳеҷ гоҳ худро аз одамони солим кам намедонам, баръакс мехоҳам барои ҳамтақдирони худам намуна бошам ва ба онҳое, ки аз ҳаёту зиндагӣ дилмондаанд, умеде ба оянда бубахшам.
Оташаки умед
Меҳровар дар сомонаи иҷтимоии Ютуб саҳифаи худро дорад ва ҳаводори шеърашро аз эҷодиёти тозаи худ тариқи ин сомона бохабар мекунад. Вай то дами донишҷӯӣ ва роҳу равиши худро пайдо кардан азобҳои зиёд кашидааст, вале имрӯз бо шарофати касбу ҳунарҳои омӯхтааш дигар ба касе мӯҳтоҷ нест. Меҳровакри Масчоҳӣ мисли дигар маъюбон 300 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад ва нақша дорад, ки аз иродати худ саодате дар зиндагӣ пайдо карда, рӯзгорашро пеш барад.