shoh palace
Ҷавони мардумфиреб ба чанг афтид
625

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Фирӯзбек Валиев, як сокини 35-солаи пойтахтро барои машғул шудан ба қиморбозӣ ва фиреби мардум 15 шабонарӯз ба ҳабс гирифт. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Фирӯзбек Валиев 12-уми декабри соли ҷорӣ, дар назди бозори «Ганҷина» ҳангоми ба қиморбозии ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» машғул гардидан, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ датсрас карда шудааст.

"Нисбат ба Фирӯзбек Валиев протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали мардумфиребӣ машғул нагардидан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд", - хабар додааст ин ниҳод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД