Arzon march 2024
ҶАВОНИ КОНИБОДОМӢ САРИ РАҚИБАШРО АЗ ТАН ҶУДО КАРД
3340

 

“Мастӣ ба пастӣ мебарад” гуфтани халқ беҳуда нест, зеро ишқи шароб баъзан ба сари кас чунон фоҷиаҳоеро меорад, ки ҳатто тасаввур карданаш душвор аст. Дар ҳолати мастӣ инсон метавонад даст ба амалҳои ваҳшатборе занад, ки оқибаташон танҳо пушаймонист...

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани як ҷинояти сангин дар Вилояти Суғд хабар додааст. Ҳодиса дар шаҳри Конибодом ба вуқуъ пайваста, он қадар даҳшатбор аст, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 24-уми март, тахминан соатҳои 23.30 як ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибдом дар ҳолати мастӣ бо ҷавонмарди 36-солаи сокини шаҳри Исфара даст ба гиребон шуда, дар ҷараёни ин муноқиша бо табар 8 маротиба ба сари рақибаш задааст. Аз зарбаи 8-уми табар сари ҷавонмарди исфарагӣ аз танаш ҷудо шуда, замин аз хуни одамӣ лолагун гашт.

Нисбати ҷавони бадмаст бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ғоз ёфта, тафтишти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД