Рӯзи 12-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 07:05 дақиқа як ҷавони 24-солаи сокини деҳаи Ғавосиёни ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми нҳияи рашт бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.
Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷойи ҳодиса 2 рӯз идома доштанд ва билохира рӯзи 14 сентябр ҷасади ин ҷавонро 9 километр пойинтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. Сабаби даст ба ҷони худ задани ин ҷавони 24-сола то ҳол маълум нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамчунин аз ғарқ шудани як кӯдаки даҳсола дар Қубодиён хабар додааст.
Ҳодиса дар деҳаи Камароб ба вуқуъ пайваста, кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.