arzon replenishment
Ҷавоне, ки муфтиро корд зад, кист?
888

 

Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон шахсияти ҷавонеро, ки дар рӯзи равшан дар масҷид бо корд ба вай ҳамла карда буд, ошкор намуд. Абдулқодирзода гуфтааст, ки ҷавони ҳамлагар аз ҷумлаи ифротгароён мебошад.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 17-октябр ҳангоми суханронӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба ин масъала равшанӣ андохта, чунин гуфтааст:

“Падараш муаллим будааст, модараш фарроши мактаб.”
Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, агар асли гурӯҳҳои тундравро бубинед, чандон мусалмон нестанд, вале тариқи интернет ҷавононро чунон мағзшӯӣ мекунанд, ки гӯё хидмати ислом намуда, даст ба чунин амалҳои нораво мезананд.
“Як гурӯҳ, як маҷмӯа, ҷавонони камсаводи каҷфаҳм, ки гӯё хидмати дини ислом мекунанд. Ҳамин гурӯҳҳои тундрав, аслашонро бубинед, мусалмон нестанд. Инҳоро ба воситаи Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунанд. Ҳамон одамонеро, ки инҳоро даъват карданду роҳнамоӣ карданду супориш доданд, аз пеш надидаанд,” –гуфтааст раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Вақте аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсидаанд, ки “бо ҷавони ҳамлавар чӣ кор кунем?”, ин рӯҳонии тоҷик дар посух гуфтааст, ки “Худо ҳидояташ кунад.”
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 11-уми сентябри соли равон дар масҷид дар байни намозгузорон ҷавоне ба муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо корд ҳамла намуда, пешонии ӯро захмӣ кард.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД