Sebiston new 2024 october
Аҳволи муҳоҷирон вазнинтар мешавад?
825


Шуруъ аз соли нави 2023 нархи патент дар Федератсияи Россия боз қиимат шуда, муҳоҷиронро болоравии арзиши муҳимтарин ҳуҷҷати кориашон сахт ба ташвиш овардааст.

Аз ҷумла дар шаҳру вилояти Маскав, ки қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз дар ҳамин минтақа кор мекунанд, арзиши патенти якмоҳа 6600 рублро ташкил медиҳад, ки қариб ба 100 доллари амрикоӣ баробар аст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта наръхи патент дар ин минтақа 5900 рубл буд. Арзиши патент дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, ки баъд аз Маскав дуюмин минтақаи калонтарини Россия ва макони буду бош ва кору зисту зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, аз 4200 ба 4400 рубл боло бурда шудааст.
Аслан дар минтақаҳои иқлимашон сард арзиши патент бояд хеле паст бошад, зеро на ҳар кас тобу тоқати дар ҳавои 40-45 дараҷа хунук кор карданро дорад, вале дар Сибир, Шарқи Дур ва Шимоли Дур, ки аз ҷумлаи хунуктарин минтақаҳои Россия ба ҳисоб мераванд, нархи патент ниҳоят қимат аст. Аз ҷумла дар ҳавзаи мухтори Ямалу Ненетс арзиши моҳонаи патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ қариб 11 ҳазор рубл, дар Забайкалйе 9700 рубл ва дар вилоятҳои Магадану Твер, ҷумҳурии Карелия ва Приморе беш аз 8 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Боло бурдани арзиши патентдар соли нав дар Федератсияи Россия солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст. Тайи чанд соли охир нархи патент аз 3500-4000 рубл тоба 11 ҳазор рубл расид, вале новобаста ба ин теъдоди муҳоҷирони корӣ ба Русия ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Набудани ҷойҳои корӣ дар ватанашон ва камбудиҳои зиёди иқтисодӣ сокинони ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, хоса Осиёи Миёнаро ба он маҷбур месозад, ки новобаста ба ҳама душвориҳо шарту шароитҳои пешкаш кардаи мақомоти Русияро қабул намуда, дар ин кишвар кор кунанд, то барои худ ва аҳли хонаводаашон қути лоямуте пайдо намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД