Formula novemver 2024
Ҳавои боронӣ то охири ҳафта идома меёбад
1220

Ҳавои номусоид ва боронӣ дар  ҷумҳурӣ то охири ҳафта боқӣ мемонад.

Дар паи боришоти зиёд эҳтимоли обшавии шадиди барф дар кӯҳҳо ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, обанборҳо, инчунин вайрон шудани хатти соҳили дарёю кӯлҳо гашта, хатари фаромадани тарма, сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад. Дар ин бора Агентии  обуҳавошиносии кишвар хабар додааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, дар чунин рӯзҳо ҳушёр ва дучанд эҳтиёт бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД