Formula novemver 2024
Атр пошидани зани бешавҳар равост?
05.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1266

Ман муҷаррад ҳастам ва хушбӯиро дӯст медорам. Ҳар рӯз атр пошида ба кор меравам. Модарам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки ин корам гуноҳ аст, чунки бӯйи атри ман ба машоми мардони номаҳрам мерасад. Мехоҳам донам, ки дар ҳақиқат атр пошидани зани бешавҳар гуноҳ аст ё не?

ГУЛНОРА, сокини ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хушбӯиро дини мубини ислом манъ накардааст. Пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтааст, ки аз дунё се чизро дӯст медорам ва се чиз бароям хуш аст, яке зан ва дигаре хушбӯист. Хушбӯӣ кардани зани бешавҳар, агар ба хотири худ бошад, мамнуъ нест, вале ба хотири дигарон бошад, албатта инро ислом иҷозат намедиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД