Юрий Яновский, ҳунарманди 53-солаи рус бо иттиҳоми даст доштан ба куштори як ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Дар ин бора Сарраёсати ВКД-и Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додааст.
Чанд пораи ҷасади ҷавонро ҳанӯз 15-уми июни соли равон аз дарёи Мга воқеъ дар вилояти Ленинград пайдо карда буданд. Мақомот маълум кардаанд, ки ҷавон ҳамҷинсгаро буда, бо танфурӯшӣ рӯз мегузаронидааст, зеро ҳангоми пайдо намудани ҷасади ҷавон, дар ӯ пистонҳои силиконӣ мушоҳида шудааст. Ҳамчунин, мақомот хабар додаанд, ки Яновский низ узви фаъоли ҷамъияти ҳамҷинсгароён буда, бо ҷавони тоҷик робита доштааст. Ҳунарманд ҷавонро шаби 13-уми январи имсол ба меҳмонхонаи “Василевский” даъват намуда, бо истифода аз арраву корд ӯро пора-пора кардааст. Баъдан якчанд муддат дар зодгоҳаш шаҳри Томск пинҳон шуда, дубора ба Санкт-Петербург баргаштааст ва ба хотири пинҳон кардани ҷинояташ ҷасади ҷавонро ба дарёи Мга партофтааст. Расонаҳои Русия мегӯянд, Яновский барои содир кардани ҷинояти одамкушӣ ба муҳлати 18 сол зиндонӣ хоҳад шуд.