Sebiston new 2024 october
Қатлама
685

Маҳсулоти лозима:

Барои хамир: 250 грамм оби гарм, 1 қошуқча намак, 3 қошуқ равған, 650 грамм орд. Барои зирбак: 60 мл равған, 2 пиёз, 400 грамм қиммаи гӯшт, ним қошуқча зардчӯба, 1 қошуқ қайлаи помидор, намак, мурч ва кабудӣ.

Тарзи таҳия:

Пиёзро хурд рез карда, зирбонед ва қиммаро илова карда, то нимтайёр шудан пазед ва ба он намак, мурч, зардчӯба ва қайлаи помидорро ҳамроҳ кунед. Кабудиро майда карда, бо каме об ба зирбак илова созед ва муддати 8 - 10 дақиқа, то бухор шудани оби он пазед. Аз об, намак, равған ва орд хамир шӯред. Сипас, онро чор зуволача карда, ҳар яки онро тунук кунед. Зирбаки хунукшударо ба болои ҳар як зуволаи тунукшуда рехта, лӯлашакл печонед. Онро мисли нон тунук карда, дар тобаи каме равғандор аз ду тараф муддати 10 – 12-дақиқагӣ пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД