Formula novemver 2024
Қатар боз як қадам наздиктар шуд!
02.11.2024
Промо
1254

Ширкати ҳавопаймоии «Somon Air» ва оператори сайёҳии «EASYBOOKING» дар якҷоягӣ хатсайрҳои мустақими Душанбе – Доха, Қатарро ба роҳ монданд. Хатсайрҳои мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Парвози аввал санаи 28-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Ин қадами наве дар рушди алоқаи ҳавоӣ ва туризми байналмилалӣ барои ҳамватанони мо хоҳад буд.

145

Таҷрибаи муваффақ. 

Дар тӯли як соли охир ширкатҳои «Somon Air» ва «EASYBOOKING» фаъолона ба тавсеаи самтҳои мустақими сайёҳӣ машғул буданд, то барои сокинони Тоҷикистон самтҳои дастрас ва арзонро пешниҳод кунанд. Қобили зикр аст, ки «EASYBOOKING» ва «Somon Air» хатсайрҳои мустақимро ба шаҳри Тбилиси, Гурҷистон муваффақона ба роҳ монданд, ки ба шарофати он зиёда аз ҳазор сайёҳи тоҷик Гурҷистонро барои худ кашф карданд.

 

Қатар: ҷаҳони шукӯҳ ва меҳмоннавозии шарқӣ 

Қатар кишварест, ки дар нимҷазираи Араб ҷойгир шуда, дастовардҳои замонавиро бо мероси ғании фарҳангӣ муттаҳид мекунад. Ҳар меҳмони Қатар метавонад «Мӯъҷизаҳои Қатар»-ро барои худ кашф кунад: дар ин кишвар биноҳои осмонбӯси шаҳрӣ, меҳмонхонаҳои боҳашамат дар соҳилҳо ва бозорҳои анъанавии арабӣ, инчунин регзорҳои беканори биёбон ва баҳри кабудро дидан мумкин аст. Нафароне, ки бо нияти харид ба ин кишвар меоянд, метавонанд молҳои брендҳои бузурги ҷаҳониро барои худ пайдо кунанд.

 

Ба виза зарурат нест. Афзалиятҳои хатсайрҳои мустақим аз Душанбе ба Доха 

Бояд қайд намуд, ки фурудгоҳи Ҳамад дар Доха як маркази калони ҳавоӣ ба ҳисоб меравад, ки аз он ҷо ба зиёда аз 170 нуқтаи таъинот дар тамоми ҷаҳон парвозҳо дастрас мебошанд. Ғайр аз ин, бо дарназардошти он ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Қатар ба виза эҳтиёҷ надоранд, Доха метавонад ҳамчун алтернативаи хуб ба ҷои Дубай бошад, ҳам барои истироҳаткунандагон ва ҳам барои онҳое, ки дар сафарҳои худ рейсҳои пайвастагӣ банақшагирифта доранд, махсусан дар шароити имрӯза, ки барои гирифтани виза ба АМА (Дубай) маҳдудиятҳо ҷорӣ гардидаанд.

things-to-do-in-Doha-Qatar

Новобаста аз он ки шумо аввалин сафари саёҳатӣ доред ё кайҳо боз орзу доштед, ки Қатарро бубинед — хатсайрҳо аз Душанбе нуқтаи оғози хуб хоҳад буд.

 

Ба сафи сайёҳоне ҳамроҳ шавед, ки «Мӯъҷизаҳои Қатар»-ро бо «EASYBOOKING» ва «Somon Air» барои худ кашф мекунанд! 

 

Муфассалтар: +992 880712222

 

photo_2024-11-02 11.24.55

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД