Президенти кишвар санаи 24-уми майи соли 2024 ба бунёди Маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Данғара санги асос гузоштаанд.
Дар ин бора Асрорзода Убайдулло, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иброз дошт.
“Ташрифи Президенти мамлакат ба Донишкадаи байналмилалии Данғара вобаста ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи стандарҳои байналмилалӣ масъулияти моро дар тамоми самтҳои фаъолият боз ҳам бештар мегардонад”,- гуфт ректор.
Дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълим беназир буда, Раёсати донишгоҳ барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва зиёд намудани мутахассисон чораҳои муосир меандешад. Дар ин замина лозим ба ёдоварист, ки дар соли нави таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии таҳсилашон бо забонҳои русӣ ва англисӣ шумораи омӯзгорону донишҷӯён барои иштирок дар курсҳои ройгони забономӯзӣ зиёд карда шуд.
Донишгоҳ дар донишкадаҳои байналмилалии Леваканд ва Хуҷанд кафедраи ҳарбиро таъсис дод, ки ба донишҷӯён машғулиятҳои ҳарбӣ мегузаранд.