Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни театру кинои собиқ СССР- Наталья Варлей ба синни мубораки 75-солагӣ расид.
Дар сар то сари собиқ Шӯравӣ шахсеро пайдо кардан душвор аст, ки Наталья Варлейро нашиносад, зеро симои ин зани ҳунарманд ҳамчун комсомолка, спортсменка ва зебосанам Нина аз филми машҳури мазҳакавии “Бандии Қафқоз ё саргузаштҳои нави Шурик” дар ёди мардум абадан нақш бастааст.
Наталья Варлей 22 –юми июни соли 1947 дар шаҳри Констансаи Руминия ба дунё омадааст. Падараш Владимир Викторович Варлей иштирокчинин Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, капитани киштии баҳрӣ буд ва ҳамзамон дар вазифаи раиси горисполком кор кардааст. Модараш Ариадна Сергеевна Сенявина, набераи инженери машҳур Барбот де Марни мебошад, ки асли нажодаш аз Фаронса мебошад. Наталья Варлей дар оила фарзанди калонӣ буда, хоҳараш Ирина низ мисли худаш актрисса аст, аммо мисли хоҳараш машҳур нашудааст.
Пас аз чанд моҳи тавлиди Наталья оилаи онҳо ба Мурманск мекӯчад. Духтарак дар ин шаҳр камол ёфта, ҳанӯз аз синни 4-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Волидонаш ӯро ба мактаби мусиқӣ доданд. Дар ин даргоҳи ҳунар ба ғайр аз омӯхтани нозукиҳои санъати овозхонию навозандагӣ Наталья ҳамчунин маҳорати рассомиро омӯхта, расмҳои олиҷаноб мекашид, аммо охири солҳои 1950 падарашро ба пойтахт ба кор даъват мекунанд ва оилаи онҳо аз Мурманск ба Маскав мекӯчад. Рӯзе ҳамроҳи модараш ба тамошои сирк рафта, тасодуфан чашми Наталья ба як эълон меафтад, ки наврасонро дар асоси озмун ба сирк даъват менамуд. Вай аз волидонаш пинҳон ба суроғаи зикршуда рафта аз озмун гузашт ва ба шӯъбаи акробатикаи омӯзишгоҳи давлатии маҳорати сиркӣ ва эстрада дохил шуда, ҳаёташро бо сирк пайваст, ҳарчанд бо сабаби аз кӯдакӣ ба ревмокардит гирифтор буданаш ҳатто дар мактаб бо тарбияи ҷисмонӣ машғул шуданро табибон ба ӯ манъ карда буданд.
Наталья дар сирк бештар ҳамроҳи масхарабози машҳур Енгибаров баромад мекард ва бо шарофати ҳамин марди шӯху зирак ба олами синамо роҳ ёфт.
Яке аз дӯстони наздикӣ Енгибаров, коргардони киностудияи Одесса Г. Э. Юнгвальд-Хилькевич ба тамошои сирк омада, аз ҳунарнамоии Наталья ба ваҷд меояд ва ӯро ба филми наваш “Тирукамон” даъват мекунад. Дар ин филм вай нақши ҳамшираи шавқатро бозид ва баъди чанд муддат яке аз нақшҳои марказӣ дар филми аҷиби мазҳакавии “Бандии Қафқоз ё саргузаштҳои нави Шурик” насиби Наталья Варлей гашт. Ин филм ба актриссаи ҷавон шӯҳрати гӯшношунид оварда, Наталья Варлей ҳамчун Нина дар сар то сари СССР машғур гашт, вале...
Бо ин ҳама шӯҳрат ва ҳусну ҷамоли фариштасон зебо бахт ба рӯйи атриссаи машҳур нахандид. Наталья Варлей 3 мароиба шавҳар карда бошад ҳам, ҳар дафъа баъди муддати кӯтоҳ оилааш бо вайронӣ рӯ ба рӯ мегашт ва мисли аксари занҳои машҳур боз яккаву танҳо мемонд.
Хушбахтона, худованд ба ӯ ду писар ато намудааст. Писари калониаш аллакай оиладор ва Наталья Варлей бибии хушбахт аст.