Muhojirati behatar
Асрори зебоӣ: 4-роҳи зебо гаштани зан дар фасли тирамоҳ
321


            Пӯсти рӯй дар тирамоҳ чӣ мехоҳад?

Инак, тобистон ба охир расиду ҷойи онро фасли тирамоҳ фаро мегирад. Тавре дар шумораҳои пештараи ҳафтаномаи «Оила» борҳо ёдрас шудаем, дар чор фасли сол пӯсти рӯйи инсон ба нигоҳубини хоса ниёз дорад, ки он бо назардошти тағйир ёфтани вазъи боду ҳаво аз якдигар фарқкунанда аст. Инак, нигоҳубини пӯсти рӯй дар фасли тирамоҳи зарин бояд чӣ гуна ба роҳ монда шавад?

                     Малҳамро иваз намоед
Бонувоне, ки ба зебоиву таровати пӯсти рӯяшон диққати хоса медиҳанд, хеле хуб медонанд, ки дар фасли тобистон аз малҳами нармкунанда (увлажняющий) истифода бурдан кифоя аст, вале бо фаро расидани фасли тирамоҳ бояд одати худро тағйир диҳед. Барои он, ки тирамоҳ чеҳраатонро пажмурда насозад, малҳами сабуки тобистонаро ба малҳами ғизобахш (питательный) иваз кунед. Ҳар шом молидани малҳами шабонаро фаромўш насозед, зеро малҳамҳои шабона қабатҳои пўстро чуқур ғизо мебахшаду норасоии обро ҷуброн менамоянд. Барои барқарорсозии мувозинаи обӣ дар як рўз на камтар аз як литр об нўшед.

                 Бо оби минералӣ рўй шўед
Дар тирамоҳ махсусан дуруст поксозии пўстро фаромўш насозед. Саҳарӣ ҳангоми рўйшўӣ оби минералӣ ё оби ҷўшидаро истифода баред. Ба оби пок каме намак андозед (ба як истакон як қошуқча намак). Агар дар пўстатон доначаҳои хурди сурх бошанд, аз мушкоб барои пўсти хушк (лосьон для сухой кожи) истифода баред. Ба он асал илова кардан мумкин аст.
Аз скраб истифода мебурда бошед, баъд аз нўшидани қаҳва дурдаи онро, ки дар таги пиёла мемонад, ба ҷои скраб ба кор баред. Он пўстро хеле чуқур тоза мекунад. Дар шароити экологияи носолими шаҳр тоза кардани пўст ва ғизо додани он ниҳоят муҳим аст.

                  Агар пӯст доғ дошта бошад...
Ба бонувоне, ки пӯсти рӯяшон дар фасли тобистон ҳам сўхтаву ҳам доғи безеби пигментӣ пайдо кардааст, молидани ниқобҳои сафедкунандаи пўстро қабл аз хоб тавсия медиҳем. Ҳар саҳар ба рўятон ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунанда молед. Агар пўстатон мўътадил ё хушк бошад, барои сафедкунонии рўй ниқоби тухму фаллагиро омода созед: зардии як тухм, 2 қошуқча фалла ва 10 қатра перекиси водородро нағзакак аралаш намуда, ба рўй моледу 10 дақиқа нигоҳ доред, пасон шўед. Барои пўсти равғанину омехта (комбинированный) ниқоби бодирингӣ рост меояд.
Бодирингро аз турбтароши сурохиҳояш хурд гузаронида, ба он миқдори баробари арақ андохта, 30 дақиқа нигоҳ доред. Докаеро дар он тар карда ба рўятон гузореду 20 дақиқа нигоҳ доред, сипас бо оби ширгарм рўй шўед.

                  Нармкунонӣ бо ниқоб
Пўсти сўхтаву дар офтоб дағалгашта ба ниқобҳо ниёз дорад. Бо истифодаи ниқоби ғизобахши аз сабзӣ омодашуда пўстро мулоим карда метавонед. Як қошуқча шарбати сабзиро бо як қошуқ маргарини обшуда омехта карда, ба рўятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред.
Дар тирамоҳ ниқобҳо бояд равғани ғизобахшу нармкунанда дошта бошанд, хусусан барои пўсти хушк.
Моҳи ноябр ба пилингҳои гуногун рўй овардан мумкин аст. Дар ёд доред, ки барои беҳбудии ҳолати пўст дар баробари нигоҳубини косметикӣ витамини А бояд истеъмол намуд.
Ғизои витаминиро ин тавр тайёр кунед: ғулинг, мавиз, анҷир, чормағз ва лимўро аз гўштқимакунак гузаронеду мувофиқи табъ асал илова карда, ба бонкае бардошта, даҳонашро маҳкам кунеду дар яхдон нигоҳ доред. Аз ин ғизои хушбўй рўзе як қошуқӣ се бор тановул намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД