Arzon march 2024
АСРОРИ СОБУНҲОИ 20-СОМОНАИ МАҲМУД МУҚИМОВ
3231


Дар шаҳри Душанбе шояд Маҳмуд Муқимов ягона шахсе бошад, ки ба собунпазӣ машғӯл аст. Ин мард ҳунари собунпазиро бо кӯмаки интернет мустақилона омӯхтааст.

Дар аввал биёр азоб мекашид, чунки танҳо кор мекард, вале бо мурури вақт оҳиста-оҳиста фарзандонаш низ ин ҳунарро омӯхтанд ва акнун ба падарашон ёрӣ мерасонанд.

- Собунҳои дастпаз ду навъ мешаванд. Собуни навъи якумро обунпазон худашон мустақилона аз маводҳои махсус тайёр мекунанд. Собуни навъи дуюм аз собуни оддӣ, ки онро майда карда, дубора мепазанд ва дар қолабҳои рангоранг мерезанд. Собунҳое, ки мо мепазем, навъи якум буда, бо истифодаи равғанҳои гуногуни табиӣ омода мешаванд,-мегӯяд усто Маҳмуд Муқимов.

Дар бозорҳову мағозаҳо маъмулан нархи як дона собун 4-5 сомонӣ аст, вале собунҳои усто Маҳмуд аз 20 сомонӣ сар мешаванд. Ба саволи мо дар мавриди он ки чаро нархи собунҳои тайёркардаи ӯ ин қадар гарон аст, усто андешамандона чунин ҷавоб дод:
-Барои пухтани собун мо 7–8 намуд равған, аз ҷумла равғани бодом, равғани офтобпараст, норҷил (кокос), кунҷид, равғанҳи эфирӣ, шираи гармдору (имбир), бобуна ва ғайраро истифода мебарем, ки нархашон хеле қиммат аст. Масалан 100 грамм равғани зайтунро 8 сомонӣ мехарем. Дар таркиби собунҳои маъмулие, ки дар мағозаву бозорҳо фурӯхта мешаванд, маводҳои синтетикӣ хеле зиёданд, собунҳои мо бошанд, аз маводҳои табиӣ тайёр карда мешаванд ва хусусиятҳои хоси худро доранд. Ин собунҳо рехтани мӯйи сарро кам ва доғҳои пигментии рӯйро нест мекунанд, аз ҳамин сабаб нархашон гарон аст.

Маҳмуд Муқимов зиёда аз 20 навъ собун омода мекунад, ки барои узвҳои гуногуни бадан пешбинӣ шудаанд. Барои омода кардани як собун ба қавли усто аз як ҳафта то ду-се моҳ вақт лозим аст.

Усто Маҳмуд аз он шикоят дорад, ки ҳунари ӯ, яъне собунпазӣ ба номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, ки адади онҳо 104 - то буда, аз андозҳои давлатӣ озод карда шудаанд, ворид карда нашудааст.

Айни ҳол ин устои собунпаз дар таҳхонаи маркази савдои “Садбарг” фаъолият дорад, вале мегӯяд “корам дар ин ҷо барор нагирифт, харидор нест. Дар як моҳ як ё ду нафар барои собун меоянд ва фармоиш медиҳанд. Аз фоида дида, зарар бисёр дидам.”

Дар баробари ҳунари собунпазӣ Маҳмуд Муққимов ҳамчунин мазе омода кардааст, ки ба қавли худаш, пашм ва мӯйҳои зиёдатии баданро нест мекунад.
Усто Маҳмуд мегӯяд, аз собунпазӣ даромади чашмрас ба даст намеорад, вале танҳо ба хотири он ки ин ҳунар аз байн наравад, онро идома дода истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД