arzon november
Асрори рехтани мӯй дар тирамоҳ
452

 

Чаро дар фасли тирамоҳ мӯйҳо беҷону зудшикан ва мерехтагӣ мешаванд? Аслан мӯйҳо дар як моҳ ба андозаи 8-13 мм дароз мешаванд. Дар фасли тобистон сабзиши мӯй зиёд мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки мӯйҳо гармидӯстдоранд. Дар тобистон ҷараёни ҳормонии ҷисм зиёд мешаваду ин боиси афзоиши мӯйҳо мегардад.

Охири тобистону аввали тирамоҳ рехтани мӯй зиёд ба мушоҳида мерасад. Ин бо сабаби таъсири нурҳои ултрабунафш ва шустушӯи ҳаррӯзаи мӯйи сар рух медиҳад. Меъёри мӯътадили рехтани мӯйи сар аз 40 то 70 тори мӯй дар як рӯз бошад ҳам, дар фасли тирамоҳ рехтани аз 70 то 120 тори мӯй амали муқаррарист.

 

Мӯйро қайчӣ занед

Мӯйҳоятон мисли хазонрези тирамоҳ мерехта бошанд, чанд сантиметр кӯтоҳ кардани мӯй бамаврид аст. Решаи ҷароҳатёфтаи мӯй мӯйи кӯтоҳро осонтар мебардораду бо ғизо беҳтар таъмин месозад. Мӯйҳое, ки афзоишашон бо сабаби беҷоншавии решаи мӯй суст гаштааст, албатта баъди кӯтоҳкунӣ хубтар афзоиш меёбанд. Решаи мӯй осеб наёфта бошад ҳам, мӯятонро намуди зебо мебахшед.

 

Зуд-зуд шона кардани сар мӯйро бақувват месозад?

 

Аксаран баъди шонакунӣ дар шона мӯйи зиёд боқӣ мемонад. Чаро?

Маҳси сар дар ҳақиқат амалиёти муҳим ва муфид аст, вале бо риояи қоидаҳояш. Ба ақидаи мутахассисон зуд-зуд шона кардани мӯй танҳо вақте муфид аст, ки мӯйҳо солим бошанд. Бошиддат шона задани мӯй гардиши хунро дар пӯсти сар зиёд мекунаду ғизогирии решаи мӯйро беҳтар месозад, вале шонакунӣ ба мӯйҳои ҷароҳатёфтаву мушкилидошта таъсири бад мерасонад. Дурудароз ва бо шиддат шона задан мӯйро аз решааш канда, решаи мӯйро заиф месозад.

 

Солим ё носолим?

Ҳангоми шона задани мӯйи ҳамвор дар шона мӯй намонад, мӯятон солим аст, метавонед шона заданро давом диҳед. Мӯйи солимро 2-3 дақиқа шона занед. Ҳангоми шоназанӣ дар шона мӯй пайдо шудан гирад, беҳтараш бо нӯги ангуштон саратонро маҳс кунед.

Дар хотир доред:

1. Барои маҳси сар шонаи дандонаҳояш дур-дур ва нӯгҳояш кундро бояд интихоб намуд.

2. Барои маҳси табобатӣ шонаи чӯбин лозим аст.

3. Мӯйҳои беҷонро таротар шона кардан мумкин нест. Мӯйро аввал хушконида, бо ангушт ҳамвор карда, баъдан шона занед.

 

 

Мӯйи сафедро наканед!

Баъзеҳо бар он ақидаанд, ки дар фасли тирамоҳ мӯйҳои сафедшударо кандан мумкин нест. Мегӯянд, ки ба ҷои як тора мӯйи сафеди кандашуда 3-4 то мерӯяд. Ин ақида нодуруст аст. Ҳар як тори мӯй аз як халтачаи мӯй месабзад. Аз ин лиҳоз як тора мӯйи кандашударо чанд дона мӯйи дигар иваз карда наметавонанд. Дар ҷои мӯйи сафед мӯйи сиёҳ баромада метавонад. Ба ҳар сурат, мӯйи сафедшударо кандан нашояд. Ин амал аксаран оқибатҳои ҷиддиро ба бор меорад. Решаи мӯй осеб меёбаду ба сӯрохии он инфексия медарояд. Беҳтараш аз шампуни рангкунанда ё ранги мулоим истифода баред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
1xbet footer