Солҳои шастуми асри гузашта дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи Бадахшон Мерган ном марде зиндагӣ мекард, ки чор писар дошт. Аслан номи аслии ин мард дигар, Муҳаммадасламшоҳ буд, вале чун аз аёми наврасӣ шикорчии моҳир буд, мардум ин номро ба ӯ муносиб дида, мерганаш меномиданд.
Мерган чун ҳар як марди кӯҳистонӣ ҳунарашро ба писаронаш меомӯхт, зеро дар шароити кӯҳистон ин кори сердаромад ба ҳисоб мерафт. Шикорчӣ аз ҳисоби пӯстҳои палангу хирс, гургу рӯбоҳ ва шохҳои печдарпечи бузи кӯҳие, ки мефурӯхт, маблағи зиёде меёфт. Оҳиста-оҳиста шикорчӣ пир шуда, дигар ба шикор рафта наметавонист ва корашро писаронаш давом медоданд, умри Мерган ба як ҷо расиду чун анъана ҳама писаронашро зан дода, рӯзгорашонро ҷудо карду барои писари хурдӣ Аъзамшоҳ арӯс мекофт. Оқибат худи писараш арӯсро ёфт ва Мергану занаш холаи Давлатмоҳ бо хурсандӣ аз пайи тӯй шуданд. Нозуш духтари зебою хушадои халифаи деҳаи ҳамсоя зани Аъзами паҳлавони чорпаҳлӯ шуд.
Арӯси раҳмин
Аъзамшоҳ дар идораи таъмиру тармими роҳҳо низ кор мекарду чун фурсати холигӣ ёфт, ба шикор мерафт, аммо Нозуш ҳаргиз ба шикор рафтани шавҳарро намехост.
-Азизам, ман намехоҳам ту хуни ҷонваракони бегуноҳро резӣ, илтимос, ба онҳо раҳм намо, нарав…,- зорӣ мекард арӯсак ва Аъзам аз ҷабини зани раҳминаш бӯсида мегуфт:-Нозушҷон, охир, шикор ин ҳунар аст, ту хурсанд шав, ки чунин шавҳари паҳлавон дорӣ!
Ҳамин тавр, Аъзам ба шикор мерафту аз он тараф дар қоши зин кабку бедонаву заргӯш, баъзан оҳӯю хирсу рубоҳ гирифта меомад. Нозуш дуру дароз ба ҷисми хунолуду чашмакони беҷони ин ҷонваракони аз тири шавҳараш мурда нигариста, оби чашм мерехт. Боре сари мурдаи заргӯшаки сафеду он қадар гирист, ки хусуру хушдоманаш ба зӯр оромаш карданд ва ба Аъзам маслиҳат доданд, ки минбаъд шикори кардаашро ба хонаи яке аз бародаронаш бурда, пӯсту пора кунад. Аъзам ба хотири Нозуш чунин ҳам кард. Акнун Нозуш медонист, ки шавҳараш бо милтиқи думилааш ҳайвонҳои безабонро беҷон мекунад, вале мурдаашонро намедид, ба ҳамин ҳам шукр мекард. Аъзам занашро бисёр дӯст медошт, аммо насиҳатҳои ӯро дар бораи бас кардани шикор ба инобат намегирифт, зеро алаккай меҳри ин шуғл дар дилаш ҷой гирифта буд. Ӯ гоҳ-гоҳ шӯхиомез ба зани соҳибҷамолаш мегуфт:
-Эй ту халифазода кайфи шикорро аз куҷо донӣ?!
Мусибат
Як субҳи сарди фасли баҳор, ки шохборон бо шиддат меборид, Аъзам майли шикор кард, Нозуш шавҳарашро зора кард, ки аз баҳри шикор барояд, зеро дилаш сиёҳӣ оварда истодааст. Аммо Аъзам суханҳои занашро фолбиниҳои занона номида, ҳамроҳи бародари калонияш ба шикор рафт. Нисфирӯзӣ бошад, хабар расид, ки Аъзам бо хирс набард карда, маҷрӯҳ шудааст… Бо шунидани ин хабар ҷон аз дасту пойи хусураш баромаду бо ранги канда гуфт:
- Аз набарди хирс сиҳату саломат баромадан амри муҳол аст, вой бачам…
Бо ҳамин сухан мӯйсафед афтоду дигар барнахост, ҷисми хуншори Аъзамро бо устухонҳои шикастаю пӯстҳои дарида болои чапараки аз шохи дарахтон басташуда оварданду падараш ҷон ба ҷонофарин супорид. Дили мӯйсафед қувват накард, Шукри Худо Аъзам шифо ёфт, Нозуш, ки ҳам кӯдаки ширхор дошту ҳам як соли дароз бемордорӣ мекард, нафаси осуда кашид, вале хушдомани меҳрубонаш ба бистарӣ беморӣ афтиду баъди додани соли мӯйсафедаш оламро падруд гуфт.
Орзуҳо
Дар хонаи бошукӯҳу зебои бобои Мерган Аъзамшоҳу Нозуш бо духтаракашон Маликабегим танҳо монданд. Ҷавонмард рӯзи дароз аз пушти ризқу рӯзӣ овора буду Нозуш бо кӯдаки хурд азоби танҳоӣ кашида, ба ёди хушдомани мунису дилсӯзаш ашки алам мерехт. Духтаракаш Малика бо чашмакони зебою ғут-ғуту хандаю шӯхиҳояш ба ҷони модар марҳам мегашт, модари Нозуш танҳоӣ кашидани духтарашро дида гуфт:
-Ғам нахӯр, боз як кӯдаки дигар таваллуд кунӣ, Худо хоҳад, вақти зиқшавӣ намеёбӣ. Шояд ба ин гапи модар малоикаҳои даргузар омин гуфтанд, ки Нозуш боз ҳомиладор шуд. Аз шунидани ин хабар Аъзам аз шодӣ занашро болои даст бардошта, чанд бор чарх занонду бо шодмонӣ нидо кард:
-Нозушҷон, Худо хоҳад, ин дафъа писар тавваллуд мекунӣ, номашро Муҳаммадасламшоҳ мемонам, ба ӯ раҳу рӯи шикорро меомӯзам, ки чун бобояш шикорчии номдор шавад.
Аз ин орзуи шавҳар, ки пас аз набардаш бо хирс аз он дунё баргашта буд, шодии Нозуш ба қаҳр мубаддал гашта фарёд зад:
-Не, писари ман ҳамноми бобояш ҳам шавад, шикорчӣ намешавад, ман ӯро чунон тарбия кунам, ки ҳатто мурчаро озор надиҳад, ман намехоҳам писарам қотили ҳайвонакҳои безабон бошад. Онҳо низ махлуқи Худованданд, бигузор рӯи замин гарданд зиндагӣ кунанд… Ин фарёди завҷаи сарпасту хизматгораш ба торҳои асаби Аъзам чун нохун расиданду бо зарда посух дод, ки майлаш ӯро мисли падари ту халифа мекунем, агар падари ман қотил бошад!
-Ман нагуфтаам, ки падари ту қотил аст, гапро дигар тараф набар, вале писари ман ҳаргиз шикорчӣ намешавад- бу сӯҳбати шодиоғозу моҷароанҷом нуқта гузошт Нозуш.
Дили одаткарда
Аз ин гуфтугузори зану шавҳар як ҳафта нагузашта, Аъзам тиру туфангашро гирифта, майли шикор кард. Нозуш медонист, ки гапаш намегузарад, хомӯш барои шавҳар тӯшаи роҳ омода кард. Дар кӯҳистон баҳор бо ҳама нафосаташ ҳукмронӣ мекард. Аъзам дар сари роҳаш чӣ ҷонвареро, ки медид, туъмати тираш месохт. Чанд заргӯшаку рӯбоҳро беҷон карда, ба қоши зинаш овехта, аз ғолибияти худ масрур асп меронд, ҳамин вақт аз дурӣ оҳубачаи ширбозеро дид, ки сармаст аз зебогиҳои табиат тохтутоз дорад, ӯ камони думиллаашро рост карда, оҳӯбачаро паронд. Оҳӯяки сап-сафед як боло ҷасту ба рӯи сабзаҳо парчин шуд ва аз байни чашмони зебоякаш хун фаввора зад. Аъзам аспашро ба шохаи дарахте баста, назди сайдаш расид, ки алаккай ҷон дода буд. Ӯ аз ду пойи оҳуча дошта, ӯро бардоштанӣ буд, ки ба гӯшаш овози гиря расид, гӯё зане нола мекард. Аъзам аввал тарсид, вале баъд инро фиреби хаёл дониста, як бор сар афшонда, дурусттар гӯш дод, овози нолаи пурсӯз баландтар шуд ва 100 метр дуртар аз ӯ оҳуи сафеди чамбаршохе пайдо шуда, бо овози одамӣ гуфт:
- Ту писари маро куштӣ, ман пеши Худо дуо мекунам, ки ҳамин сӯзро ба ту низ лоиқ бинаду осоиши писарро набинӣ…
Чун шикорчӣ ба худ омад, на овози гиря буду на оҳу, фақат пойҳои оҳубачаи нимкуштааш дар дасташ буданд…
Дуои оҳу
Он рӯз то расидан ба хона дар гӯшаш овози гиря садо медод, Аъзам рост ба хонаи акааш даромада, ҳама сайдҳояшро ба онҳо бахшида, холӣ ба хонааш омад. Манзараи дидааш аз пеши чашмаш дур намешуд ва метарсид, ки онро ба Нозуш нақл кунад. Пас аз ҳамон рӯз мард тарки шикор кард ва Нозуш барояш ду писари дугоник таваллуд намуд. Ҳасану Ҳусейн чун себи дукафон ба якдигар монанд буданду бедарду солим қад мекашиданд, аммо ба сини панҷсолагӣ қадам монда, яку якбора аз пой монданд ва баъди як ҳафта ҳар ду вафот карданд. Нозуш аз алам чун чӯби тар месӯхту Аъзам бошад, дар дил худро мазаммат карда, ҳамаи инро асари дуои оҳуи «ҷодугар» меномид. Ӯ ба чеҳраи сарди писаракони зебояш нигариста, бо даҳшат ба ҷойи чашмони онҳо чашмони оҳубачаи куштаашро дида, аз алам сарашро ба деворҳо мекуфт… Худованд баъди дугоникҳояш ба Аъзамшоҳу Нозуш шаш писари дигар дод, вале ҳамаи онҳо ба панҷсолагӣ расида, аз пой мемонданду пас аз як ҳафта боз як ҷойи ҷигари модарро сӯрох карда, оламро падруд мегуфтанд. Пас аз сари Нозушу Аъзамшоҳ чор духтар ёдгор монд, ки ҳоло ҳам ҳаётанду дарди бедодарӣ мекашанд, духтарон ҳамеша аз дарди додаракони ормонияшон мегуфтанду мегиристанд, ки ҳеҷ табиб сабабашро намедонист. Вале қиссаи дуои оҳуро ба онҳо амакашон нақл кард, ки боре падараш сари аламу дардаш ба ӯ қиса карда будааст…