Хабари куштори 3 зани ҳисорӣ дар рӯзҳои аввали соли нав барқсон дар сар то сари ҷумҳурӣ паҳн гашта, хурду калонро ба ташвиш овард. Овозаву ҳангома ва сару садоҳо дар бораи ин рӯйдодҳои хунин дар байни мардум хеле зиёд буданд ва ҳар кас ба таври худ ин фоҷиаҳои даҳшатангезро шарҳ медод, вале билохира ҳақиқат рӯйи об баромад.
Тавре ки Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳамагӣ дар бадали 4 рӯз дар шаҳри Ҳисор се ҳодисаи ваҳшатноки куштори занон ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳодисаи аввал дар деҳаи Лангари шаҳри Ҳисор ба вуқуъ пайваста, Ҳалимов Абдураҳим дар ҷараёни як моҷарои оилавӣ ҳамсараш Солеҳова Умедаро бӯғӣ карда куштааст. Баҳриддин Мирзомиддинов аз ҳамсараш Парвина Тошбекова қариб 30 сол калон буд. Фарқияти бузурги синну солӣ ва мувофиқ наомадани назари зану шавҳар дар бисёр масъалаҳои зиндагӣ боиси тез-тез сар задани ҷангу ҷанҷолҳои хонаводагӣ мегашт.
Парвинаи 33-сола дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде дошт ва мехост мисли ҳамсолонаш ҳаёти ширини пурҷӯшу хурӯш дошта бошад, аммо аксар вақт хостаҳои ин зани ҷавону зебо бо хостаҳои шавҳари 61-солааш мувофиқат намекарданд. Бо ҳамин сабаб байни зану шавҳар тез-тез баҳсу мунозира ба миён меомад ва билохира як муноқишаи оилавӣ сари Парвинаро хӯрда, ҷавонзан бо дасти шавҳари солмандаш кушта шуд.
“То ҷои таксиҳои Ҳисор дар асабам задан гирифт. Ҳама фаҳмид, қишлоқ фаҳмид, ҳамсояҳо фаҳмид, апаҳои худаш фарёдам карданд, гуфтанд. Ба ҷонам расид ва вақте пеши хона расидем, “ту …” гуфт тарафам. Дар ҳамин гап задамаш бо кордча”, иқрор шудааст ин марди занкуш.
Аз нақли гумонбар чунин бармеояд, ки он рӯзи наҳс ҷангу ҷанҷоли зану шавҳарро тамоми аҳли деҳа шунидаанд ва ин марди 61-сола аз беҳурматии занаш сахт ба ғазаб омада, бо баҳонаи он ки ҳамсараш ӯро шумо нею ту гуфтааст, Парвинаро корд задааст.
Албатта, гапгардонии зан ба шавҳар хуб нест, вале оё барои як калима гап риштаи умри инсонеро бераҳмона буридану ӯро аз беҳтарин неъмати парваргидигор-зиндагӣ маҳрум намудан аз рӯйи инсоф аст?!
Шавҳари Парвина, агар ҷавон мебуд, ин амали ваҳшиёнаро ба ҷавонию бетаҷрибагиаш дар зиндагӣ рабт медодем, вале барои як калима гап, мисли қассоб синаи ҳамсарашро бо корд даридани як марди 61-сола, ки бояд дар ин синну сол раҳнамою насиҳатгари дигарон бошад, бисёр таассуфовар аст.
Сабаби куштори сеюм ишқи пули муфт мебошад. Сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Ҳисор Муҳаммад Одинаеви 26-сола шабона ба рӯяш ниқоб кашида, бо мақсади дуздӣ ба хонаи ҳамсояаш Розиқова Ороста даромада, соҳибхонаро бераҳмона ба қатл мерасонад. Ин дузди ташнаи хун баъди куштани зани ҳамсоя ва аз худ намудани ороишти тилоии мақтул духтари ӯро низ аз паси модараш ба он дунё фиристодан мехостааст, аммо тираш хок хӯрда, духтар бедор мешавад ва муқовимат мекунад.
Дар ҷараёни кашмакаш духтар бо талвоса ниқобро аз рӯйи авбош мекашд. Дузди қотил аз фош шудани сирраш тарсида рӯ ба гурез ниҳода бошад ҳам, билохира ба дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтид.
Аз рӯйи ин се ҳодисаи хунин парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.