Аспи калонтарин бо лақаби Ҷейки дар ИМА дар синни 20-солагӣ фавтидааст. Аспи мазкур соли 2010 бо шарофати дарозии қадаш, ки 210 сантиметрро дар мегирифт, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил гардида буд. Аспҳои зоти брабансон бо ҷуссаи калону мушакҳои барҷаста фарқ мекунанд, вале то андозае, ки Ҷейк калон буд, бузург намешаванд. Аз ин рӯ, Ҷейк ягона аспе ба шумор меравад, ки бо бузургияш дар ҷои аввал меистод. Соҳибони фермае, ки аспи азимҷуссаро нигоҳубин мекарданд, аз марги ҷонвари худ хеле андуҳгин гаштаанд, зеро Ҷейк хеле боистедод буду дар шоу-барномаҳо ширкат меварзид.