Аз замонҳои қадим доштани зани зебо ва аспи хушзот барои ҳар як ҷавонмарди асил боиси виқор ва ифтихор буд. Албатта бо пешрафти илму техника назари мардон ба ин мавзӯъ тағйир ёфта, имрӯз доштани мошини қиматбаҳо боиси ифтихори ҷавонмардон гаштааст, вале ҳанӯз ҳам мардоне ёфт мешаванд, ки аспи хушзот барояшон натанҳо як ҳайвони боркаши хонагӣ, балки дӯсти хеле азизи қиматбаҳо ва рамзи асолати ҷавонмардист.
Як марди 50-солаи сокинидеҳаи Чордараи ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, аз дуздида шудани аспаш бо ойчааш шикоят намудааст. Ба гуфти ин марди аспдӯст шаби 13 ба 14-уми сентябр, тахминан соати 24:00-и шаб шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи заминҳои деҳаи мазкур 1-сар асп ва тойчаашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар пайи шикояти соҳиби асп як марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур боздошт шудааст, ки пештар бо моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Тавре ки дар хабари ВКД омадааст, гумонбар шаби 6 ба 7–уми сентябр низ аз чарогоҳи заминҳои ҷамоати деҳоти Доғистон 1-сар асп ва тойчаи як марди дигари 58-солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида будааст.
Акнун аспдузд барои кидорҳои худ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.