Чаббор-бизнесмен
Ҷаббори тоҷир соҳиби 6 фарзанд бошад ҳам, шарм надошта зани дуюм гирифт. Зани якумаш дар колхоз кор мекарду зани дуюмаш ба гуфти худи Ҷаббор «савримений» ва ҳамеша ҳамроҳаш буд. Мӯйсафед дар назди фарзандонаш зани дуюмаш Мавлударо таърифу модари бачаҳояшро доим танқид мекард. Фарзандон аз ин рафтори падар ҷигархун шаванд ҳам, хотири ҳурмату эҳтироми падариаш ба лаб мӯҳри хомӯшӣ мезаданд. Хомӯшии ҷигарбандонаш мардакро торафт шердилтар менамуд.
Рӯзе Ҷаббор-бизнесмен дар сари дастурхон бурутҳояшро тоб дода, гуфт, ки зани дуюмаш Мавлударо ба хона меорад ва ҳардуи кундошҳо дугона шуда, хушбахтона зиндагӣ кунанд. Ин гап ба дили зану фарзандон мисли тир расид, аҳли оила ба ин таклифи падар қатъиян зид баромаданд. Ҷаббор чун дид, ки аз амраш сар мепечанд, ғазаболуд занашро дашномкунон аз хона баромада рафт.
Марди дузана
Ҷаббор хаёл мекард, ки аз хона равад, аҳли оилааш пушаймон шуда, зорӣ мекунанд, ки баргардад ва тамоми шартҳояшро қабул мекунанд, вале аз байн чанд моҳ гузашту аз зану бачаҳояш садо набаромад. Оқибат косаи сабраш лабрез гашту рӯзе ба хонааш омада бар сари аҳли оила шӯру мағал бардошт. Қиёмат гӯё қоим шуда бошад, Ҷаббор чунон ҷанҷолу моҷаро кард, ки ҳама ҳамсояҳову аҳли маҳалларо ба по хезонд. Падари хонадон сар нафаровардани зану кӯдаконашро дида, амр кард, ки модоме ба овардани зани дуюмаш розӣ нестанд, ҳавлиро холӣ кунанд.
-Ман бо шаш фарзандам дар куҷо меғунҷам? Барои як беваи дайду аз баҳри фарзандонат мегузарӣ номард?!- дод зад сӯйи шавҳараш занак ва афзуд: -дилат ҳамон беваатро хоҳад, баро, рав дафъ шав, дигар ба ин хона қадаматро намон!
Ҷаббор-бизнесмен аз ғазаб дар обу арақ ғӯтида дод зад:
-Қасосамро нагирам, номам Ҷаббор набошад! Ҳамин тавр бо ҷаҳл аз хона баромада рафт шавҳари дар доми шайтон афтода.
Қасоси хунин
Амаки Холиқ-падари зани якуми Ҷаббор дар колхоз посбони анбори пахта буд. Мавсими пахтачинӣ рӯзе мӯйсафед ба ноҳия рафту ба ҷояш писараш-Хуршедро посбон монд, бехабар аз он, ки шайтонсирате интизори ҳамин лаҳза аст, то ба сари ин оила рӯзҳои сиёҳро биёрад. Нисфирӯзӣ Хуршед аз садои тир бедор шуд. Ҳайрон- ҳайрон ба атроф нигариста дид, ки сад метр дуртар дар рӯйи пахтаҳои офтобхӯрда марде оғӯштаи хун мехобид. Аз тарс аз ҷояш хесту ҷонҳавл сӯйи хонааш давид. Навбати посбонии амаки Холиқро шунида, айбро ба сари писараш заданд. Мӯйсафед, ки ба бегуноҳии фарзандаш бовар дошт, илтиҷо намуд, ки ба ҷои писараш ӯро Тафтишот ба анҷом нарасида одамони номаълум Хуршедро ваҳшиёна ба қатл расониданду муфаттишҳо кори ҷиноиро бо баҳонаи марги «ҷинояткор» бастанд.
Падар дар зиндон Ҷаббор, ки дар соҳаи орган «тағоҳои зӯр» дошт, чанде паскоҳи кӯҳнаро бод дода, хусури бегуноҳашро ҳамчун қотил ба маҳбас гусел кард. Бизнесмени беинсоф мӯйсафеди 76- солаи нобиноро ҳабс намуда ба таври худ аз зану фарзандонаш қасос гирифт. Фахр мекард аз кордониаш Ҷаббор, бехабар аз он, ки қонундонҳоро фиреб карда бошад ҳам, худовандро фиребида наметавонаду рӯзе ҷазои сахти офаридгор доман- гираш мегардад. Ба сари ҳар зӯр зӯре ҳаст Ҷаббор ба зани якуму шаш фарзандаш умуман аҳамият намедод. Кӯмак намекард ва ҳатто аз ҳолу аҳволи бачаҳояш хабар намегирифт ин ношукр. Занаки бечора зери офтоби сӯзон дар заминҳои колхоз аз субҳ то шом меҳнат мекарду аробаи зиндагии худу фарзандонашро бо азоби алим мекашонд. Ҷаббор бошад бо зани дуюмаш Мавлуда кайфу сафо карда мегашт. Шаҳр ба шаҳру ресторан ба ресторан гашта, бизнесмени дузана бехабар монд, ки аз паи баровардани нозу нузи ин ҷавонзани танноз саргардон шуда, ба ботлоқи қарз ғутидааст. Қарздорон фишор оварданду таҳдиди куштан намуданд, Ҷаббор зани дуюмаш Мавлударо низ фаромӯш карда, ба Ғарм фирор намуд.
Ҷазои худованд
Қарздорон зану фарзандонашро аз хонаи худашон ронданд, чунки Ҷаббор манзилро ба гарав монда, пул гирифта буд. Қариб 6-7 моҳ кӯдакон таънашунави дӯсту душман шуда дар ба дари хешу табор гаштанд.