Sebiston new 2024 october
Қасоси домод Қисми 2
17.05.2022
ОИЛА
2555

 

Гулсима ба шавҳари зебою хушқомат, серпулу сарватмандаш меҳр надошт, зеро дар тӯли шаш моҳи зиндагӣ аз ӯ сухани хубе нашунида буд.

Алишер, ягон рӯз ҳам арӯсашро ба дарс рафтан намонда, ӯро ба шуъбаи ғоибона гузаронд. Бо сар шудани дарсҳои Гулсима, ҳавои абрии оилаи ҷавон боронӣ гашт, зеро ҳар бегоҳ ҷавонмард занашро зери истинтоқ кашида, ҳатто ба сараш даст мебардошт, ҳамаи ин бас набуд, ки..

      Ҷосусӣ

Гулсима аз бадрашкии шавҳар хун хӯрад ҳам, овоз баланд намекард, ба пайвандонаш аз одати бади Алишер хабаре намебурд, баракс ҳар гаҳи ба хабаргирӣ омадани волидонаш худро хурсанду хуррам вонамуд мекард, зеро дар батнаш қалби кӯчаке метапиду ӯро ба сабру таҳаммул водор мекард. Арӯсаки бечора ҳар субҳ ҳама корашро ба сомон расонида, баъд ба дарс мерафт, гоҳе шавҳараш то остони донишкада мебурду гоҳи дигар хусураш. Майнаи Алишерро бошад, гурбаҳои хашмини рашк чангол мезаданд, вай ҳамеша дар бораи ҳамсараш фикри бад дошт, зеро одами дидагӣ ҳусну ҷамоли ӯро таъриф мекард.

Як рӯз Алишер аз кор ҷавоб гирифта, то тамом шудани дарсҳои ҳамсараш ӯро поида нишаст. Бадбахтона ҳамон рӯз Гулсима аз донишгоҳ ҳамроҳи омӯзгори ҷавоне бурун шуд, гуноҳ танҳо дар ҳамин буд, ки муаллим он рӯз ба дарс даромада натавониста буду сабаби ҳаминро ба Гулсима ва сардори гурӯҳашон, Анора гуфта истода буд.

Ҳамин, ки мард аз духтарон дур шуд, Алишер дар назди занаш ҳозир шуда, ӯро каш-кашон то мошин оварда, чунон лату кӯб кард, ки мардуми дидагӣ дар ҳайрат шуданд. Анора бо дидани ин манзара аз ҳуш рафт….

                 Гунаҳгори бегуноҳ

Ин ҳама дар назари ҷавонмард кам тофт ва ҳамсари ҷавони ба хуну халаф оғӯштаашро ба хона дароварда, як сатил обро ба сараш рехта, ҳушёр намуду пурсид:

-Вай мард кист ва чаро ту бо ӯ бо чеҳраи хандон сӯҳбат мекунӣ?!

-Муаллим,- беҳолона ҷавоб дод Гулсима ва Алишер мӯи дарози ӯро ба дасташ печонида фарёд зад:

-Муаллим мегӯӣ, қанчиқ? Чаро ту бо муаллимат ноз карда, гап мезанӣ,- дандонҳояшро ғиҷиррос занонида наъра зад ҷавонмарди аз рашк девона гашта ва боз ҷисми нозуку сиёҳу кабуди занашро зери шатта гирифт.

Алишер танҳо он даме ба ҳуш омад, ки аз зери пойи Гулсима ҷӯяи борики хун ҷорӣ шуд. Худо медонад, кор ба чӣ анҷом меёфт, агар ҳамсояи девордармиён овози нолиши келину наъраҳои Алишерро шунида, ба Азизабегим занг намезад.

Зани аз бадрашкиҳои писар бохабар дарҳол ба хона омада, духтурро ҷеғ зад ва духтурон баъди талошҳои дурӯза Гулсимаро ба ҳуш оварданд. Милисаҳо низ он ҷо ҳозир буданд ва ғайри интизори ҳама арӯсак гуфт, ки худаш аз зинапояҳо афтидааст, вале пас аз баромадан аз беморхона дигар ба хонаи шавҳар барнагашт…

                  Қасоси домод

Гулсима ба волидонаш тамоми кирдори шавҳарро нақл карда, ба суд аризаи ҷудошавӣ навишт. Дигар чизе ӯро бо Алишер намепайваст, зеро зери мушту шаттаи шавҳар тифлакашро аз даст дода буд. Ин кори Гулсимаи хаппак шавҳарро девона кард, аввалҳо назди Гулсимаю волидонаш рафта, зорӣ кард. Дид, ки намешавад, нақшаи разилонаи дигар кашид…

Гулсима аз шавҳар ҷудо шуда, боз ба шуъбаи рӯзона гузашта, таҳсилашро идома дод. Хушдоманаш ба донишгоҳ наздаш меомад ва зорияш мекард, ки писарашро бахшад, вале дили ҷавонзан аз Алишер хунук шуда буд. Алишер дид, ки дили Гулсимаро ёфта намешавад, назди Амирҷон, язнаи зани собиқаш рафта гуфт:

-Эй қишлоқӣ, медонӣ духтарии занатро ман гирифта будам, ӯ бо ман мисли зану шавҳар буд, ман ӯро барои он нагирифтам, ки фоҳиша буд, ана баъд туи қишлоқиро хар карда гирифт. Гулсима паёмакҳои ошиқонаи зани туро дар телефони ман хонда девона шуд, мумкин писарат писари ман бошад…

-Амирҷонро ин суханони Алишер девона карданд, ҳарчанд давоми се соли зиндагӣ аз занаш ягон камбудие надида буд, ба ин палид бовар карда, ба хонааш рафта, занашро талоқ карду сарашро гирифта, худи ҳамон рӯз ба Русия рафт. Алишер бошад, субҳи дигар ба Гулсима паёмак фиристод, ки «апаатро хонавайрон кардам, акнун навбати додарат»

Муслима зор-зор мегиристу сабаби ин рафтори шавҳарашро намефаҳмид, танҳо баъди расидани паёмак аҳли хонадон фаҳмидан, ки гап дар сари чист?

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД