Хизмат ба Ватан-модар қарзи ҳар як ҷавонмарди бо нангу номус аст. Бо дарки ин маънӣ 250 нафар наваскарон аз шаҳри Ҳисор барои хизмат ба Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд. Ба ифтихори гусели аскарбачаҳо дар шаҳри Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ шумораи зиёди ҷавононе, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан раҳсипор шуданд, инчунин донишҷӯёни литсею коллеҷҳо ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр дар кӯчаҳои марказии шаҳри Ҳисор роҳпаймоӣ карда, барои хизмат ба Ватан-Модар изҳори омодагӣ намуданд.
Иброз гардид, ки ҳамоиши тантанавӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Ҳисор бо иштироки наваскарон, ки сафашон бештар гардидааст, баргузор мегардад.
Таъкид гардид, ки Артиши миллии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони мушкилтарин ва муҳлати кӯтоҳ таъсис дода шуд. Давоми ин солҳо он аз имтиҳону озмоишҳои басе сангину вазнин гузашта, устувор гардид ва ҳоло дар таъмини амнияту оромии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.
Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки миллату давлат, марзу бум, инчунин волидайну наздиконаш барояш азиз мебошанд, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор аст.
Тавре ки «Ховар» дар такя ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ додааст, дар фазои тантанавӣ ба 210 нафар ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор давраи кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шудааст.