Sebiston new 2024 october
Аскарбачае, ки “Тоҷикон”-ро аз ёд медонад
1275


Сарбози қисми ҳарбии №13483-и ноҳияи Данғара Ҳасани Назар барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” дар гурӯҳи калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун гашта, соҳиби 70 000 сомонӣ шуд.

Ҳарчанд ӯ сарбоз аст ва масъулияти бузурги ҳифзи Ватанро бар дӯш дорад, мегӯяд, агар шахс завқу шавқи китобхонӣ дошта бошад, новобаста аз касбу кор ва масъулияти бар дӯш доштааш фурсати китобхонӣ меёбад.

Ҳасан бар он ақида аст, ки мутолиаи “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар замони муосир хеле муҳим ва муфид буда, хондан ва дарки маънову мафҳуми ин шоҳасар вазифаи хурду бузурги миллати тоҷик, бахусус насли наврас ва ҷавон мебошад.

Рӯзноманигор Одили Нозир менависад, ки дар ин шабу рӯз, ки бисёриҳо аз афзоиши бетартибӣ дар қисмҳои ҳарбӣ нигаронӣнамуда, қисми зиёди ҷавонон аз хизмат сарпечӣ мекунанд, ин ҷавон корнамоӣ нишон дод. Ӯ собит кард, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ на танҳо хуб аст, балки дар он ҷо шароите мавҷуд аст, ки кас китоб хонад ва дар сабқати ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, Шоҳҷоиза ба даст орад.

Барандаи Шоҳҷоиза дар гурӯҳи хонандагони мактаб (синфҳои 5-11) - Мирдодоев Мирмуҳсин - хонандаи синфи 10-и Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, барандаи Шоҳҷоиза миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ - Дӯстова Навраста - омӯзгори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва барандаи Шоҳҷоиза миёни гурӯҳи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) Давлатзода Шоира - донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дониста шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Озмун ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД